Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 23:35

Дар се моҳ 40 ҳазор зани тоҷик ба муҳоҷират рафтаанд

8 апрел 2013, 15:53

Дар 3 моҳаи аввали соли равон аз Тоҷикистон 268 ҳазору 655 нафар ба муҳоҷират рафтаанд.

Тавре аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, аз шумораи нафароне, ки тайи ин муддат кишварро тарк намудаанд, 228 ҳазору 733 нафараш мард ва 39 ҳазору 922 нафарашон зан мебошанд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар давоми 3 моҳ аз шаҳри Душанбе 21 ҳазору 142 нафар, аз навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 57 ҳазору 63 нафар, аз вилояти Суғд 77 ҳазору 394 нафар, аз вилояти Хатлон – 98 ҳазору 898 нафар ва аз ВМКБ 14 ҳазору 158 нафар ба хориҷи кишвар сафар намудаанд.

Дар ин муддат аз хориҷи кишвар 146 ҳазору 552 шаҳрванди Тоҷикистон ба Ватан бозгаштаанд, ки аз ин шумора мардҳо 117 ҳазору 886 ва занҳо 28 ҳазору 666 нафар мебошанд. Манбаъ илова намуд, ки ба шаҳри Душанбе беш аз 14 ҳазор, ба НТҶ 36 ҳазору 100, ба вилояти Суғд 27 ҳазору 918, ба вилояти Хатлон беш аз 57 ҳазор ва ба ВМКБ 11 ҳазору 225 нафар баргаштаанд.

Масъулини Хадамоти муҳоҷират мегӯянд, дар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 дар ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва фурӯдгоҳҳои ҷумҳурӣ баҳисобгирии рафту омади пурраи шаҳрвандонро тавассути варақаи бақайдгирии муҳоҷиратии шаҳрвандони кишвар ба роҳ мондаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!