Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 22 январ 2017, 08:46

Абдулфайз Атоев ба ҷои Давлат Назрӣ таъин шуд

8 апрел 2013, 22:57

Абдулфайз Атоев, хабарнигор ва дипломати тоҷик, раҳбари Раёсати иттилоот ва таҳлили Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон таъин шудааст. Ӯ дар ин мақом Давлат Назриро иваз кард, ки ҳамакнун барои идомаи фаъолият ба ҳайси мушовири сафири Тоҷикистон дар Белорус ба Минск меравад.

Манбаи мо дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, ҷаноби Атоев аз даҳуми апрел дар мақоми нав ба кори худ оғоз хоҳад кард. Ӯ то соли 1993 бештар ба фаъолиятҳои хабарнигорӣ машғул буда, баъд аз он ба фаъолиятҳои дипломатӣ пардохтааст. Дар ин муддат ба ҳайси дипломат дар сафоратҳои Тоҷикистон дар Эрон ва Афғонистон ва ҳамчун консул дар Қундуз ифои вазифа намудааст.

Манбаъ афзуд, Абдулфайз Атоев дар солҳои 1995-2000 вакили парлумон буда, дар гузашта муҳарририи нашрияи “Зафар”-и ноҳияи Ҳамадониро бар уҳда доштааст.


Дар акс: Абдулфайз Атоев


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!