Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 11:01

Шаш узви СҶТ аз Тоҷикистон пуштибонӣ хостаанд

9 апрел 2013, 08:53

Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо сафири Зеландияи Нав дар Иттиҳоди Аврупо рӯзи 8-уми апрел масоили густариши ҳамкорирҳоро баррасӣ кардааст.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, Вангелис Виталис зимни мулоқот аз Тоҷикистон, ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии тиҷорат хоҳиш кардааст, ки дар интихоби раиси нави СҶТ номзади Зеландияи Навро пуштибонӣ кунад. Аз ҷониби Зеландияи Нав вазири тиҷорати ин кишвар ба мақоми директори генералии СҶТ пешбарӣ шудааст.

Масъулини Вазорати рушди иқтисоду савдо мегӯянд, то имрӯз аз 9 кишваре (Гана, Коста-Рика, Индонезия, Зеландияи Нав, Кения, Иордания, Мексика, Кореяи Ҷанубӣ ва Бразилия), ки намояндаҳои хешро барои роҳбарии СҶТ пешниҳод намудаанд, 6 давлати аъзо (Индонезия, Зеландияи Нав, Иордания, Мексика, Кореяи Ҷанубӣ ва Бразилия) ҷиҳати дастгирии номзадҳояшон ба Тоҷикистон муроҷиат намудаанд.

Шариф Раҳимзода ваъда додааст, ки намояндагони Тоҷикистон пас аз баррасии амиқи барномаҳои пешазинтихоботии муддаиёни ин мансаб ҳатман номзадеро, ки метавонад баҳри рушду равнақи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар байни кишварҳои аъзои СҶТ таҳаввулот ворид созад, ҷонибдорӣ намояд. Дар ҳамин ҳол Шариф Раҳимзода мегӯяд, ин дархостҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки аллакай Тоҷикистон дар СҶТ мақоми арзандаи худро пайдо намудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Просто хандаовар Шариф Раҳимзода мегӯяд, ин дархостҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки аллакай Тоҷикистон дар СҶТ мақоми арзандаи худро пайдо намудааст. Харчанд чунин дархост як кори маъмули буда, аз хамаи кишвархои узви СЧТ чунин дархостхо карда мешавад, новобаста аз макоми арзанда ё "ноарзанда". Чи гуна ин мансабдорон саргузашти кайкро мемонанд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!