Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 00:56

Як масъули вазорат: Беш аз 40 %-и занони Душанбе фарбеҳанд

9 апрел 2013, 09:28

Ибодуллоҳи ТОҲИР

Шералӣ Раҳматуллоев, як масъули Вазорати тандурустии Тоҷикистон, мегӯяд, беш аз чиҳил дарсади занҳои Душанбе майл ба фарбеҳшавӣ доранд. Ӯ дар сӯҳбати ихтисосӣ бо “Озодагон” гуфт, ин раванд нуқтаи охир нест, балки сол то сол рӯ ба афзоиш аст.

Ҷаноби Раҳматуллоев афзуд, “мо соли 2009 бо дастгирии созмонҳои хориҷӣ барои вазъи ғизо дар байни кӯдак ва модар як таҳқиқот гузаронда будем ва ҳамин татқиқот нишон дод, ки шумораи занҳои фарбеҳ дар Тоҷикистон сол аз сол зиёд мешавад. Солҳои пеш мегуфтанд, ки занҳои тоҷик камғизо ва харобанд ва ин татқиқот собит сохт, ки дар воқеъ фарбеҳшавӣ миёни занҳо рӯ ба афзоиш аст. Дар умум, агар дар Тоҷикистн 8,8 %-и занҳои қобили таваллуд (аз 15 то 49-сола) бошанд, дар онҳо нишонаи фарбеҳӣ дида мешавад. Яъне вазнашон аз он меъёре, ки барои инсон хос аст зиёд мебошад. Махсусан дар шаҳри Душанбе тақрибан 43 дарсади занҳо тамоюл ба фарбеҳшавӣ доранд.”

-Кадом омилҳое ҳастанд, ки инсонро ба фарбеҳшавии аз ҳад зиёд оварда мерасонанд?
Раҳматуллоев: “Сиҳатии ҳар як шахс аз истеъмоли ғизо вобастагии зич дорад, барои ҳамин ҳам мо ҳамчун табиб доимо миёни мардум ташвиқоту тарғибот мебарем, ки ғизои солимро истифода баранд. Агар яке аз омилҳои фарбеҳшавии инсон истеъмоли аз ҳад зиёди ғизо бошад, омилҳои дигаре низ аз қабили бемории ғадудҳои даруниии инсон ва камҳаракатӣ ҳастанд, ки ба фарбеҳшавии одамон, алалхусус занҳо оварда мерасонад. Солҳои охир занҳо камҳаракат шудаанд, ки ин ҳам як сабаби фарбеҳшавии аз ҳад зиёд шудааст аст. Омили дигари фарбеҳӣ истеъмоли аз ҳад зиёди нон аст. Дар ягон давлати дунё ба ҷуз Тоҷикистон, нон аз ҳад зиёд истеъмол карда намешавад, аммо мо тоҷикон оши палавро ҳам бо нон истеъмол мекунем. Бисёриҳо гумон мекунанд, ки гӯшт инсонро фарбеҳ мекунад, ин хато аст, фарбеҳӣ асосан аз ҳисоби шириниҳо мешавад ва аз маҳсулоте, ки аз орд тайёр карда мешавад. Дар баробари ин, нӯшидани аз ҳад зиёди об низ ба фарбеҳӣ оварда мерасонад.”

-Фарбеҳии аз ҳад зиёд чӣ паёмадҳо дорад?
Раҳматуллоев: “Бисёриҳо бар инанд, ки фарбеҳӣ нишонаи тансиҳатӣ аст, аммо дар асл чунин нест. Одамоне, ки аз ҳад зиёд фарбеҳанд, эҳтимоли зиёди ба касалиҳои дигар гирифтор шуданро доранд. Яке аз бемориҳое, ки имрӯз дар ҷомеа хатари зиёд дорад, бемориҳои дилу рагҳои хунгард ва бемории қанд мебошад. Ва 80 дарсади онҳое, ки ба ин навъи бемориҳо гирифтор мешаванд, нишонаҳои фарбеҳӣ доранд. Аксарияти нафароне, ки ба бемории қанд гирифтор мешаванд, дар рӯзҳои аввал дар онҳо нишонаҳои фарбеҳӣ дида мешавад ва оҳиста-оҳиста, вақте ки беморӣ хуруҷ мекунад, ба харобшавӣ оварда мерасонад.”

-Фарбеҳии зан дар вақти таваллуд хатар дорад?

Раҳматуллоев: ”Аз ҳама хатари зиёди фарбеҳи зан ин аст, ки вақте ҳомиладор мешаванд, доимо фишори хунашон баланд аст. Як хатари фавти занҳо ҳам ин фишорбаландист, махсусан, дар вақти таваллуд, ки хоҳу нохоҳ дар он ҳолат фишори зан баланд мешавад ва дар ҳамин ҳолат метавонад, ба хунрезии мағзи сар ва дигар ҳолатҳо оварда расонад. Яъне, дар вақти таваллуд фавтидани занҳои фарбеҳ аз этимол дур нест. Фарбеҳии зан на танҳо дар вақти тавлиди кӯдак хатар дорад, балки кӯдаки дар батни зани фарбеҳ хуб инкишоф намеёбад ва аксар маврид занҳои фарбеҳ кӯдакони норасид ба дунё меоранд.”

-Одамони фарбеҳ бемориҳои мавсимиро чигуна паси сар мекунанд?
Раҳматуллоев: “Фарбеҳӣ бояд аз ҳисоби мушакҳо бошд на аз ҳисоби чарбҳо, вақте фарбеҳӣ аз ҳисоби чарбҳо мешавад, масунияти бадани инсон хеле паст мешавад ва бемориҳое, ки дар фасли тирамоҳу зимистону баҳор хуруҷ мекунанд, алалхусус бемориҳои сироятӣ зуд ба ин қабил одамон таъсири худро мерасонад. Дар натиҷа одамони фарбеҳ бемориҳои мавсимиро бисёр вазнин паси сар мекунанд ва табобати ашхоси фарбеҳ низ хеле душвор аст. Агар масунияти бадани инсон хуб бошад, бемориҳои мавсимиро зудтар паси сар мекунанд. Одамоне, ки вазнашон ба як миқдори муайян аст, нисбат ба одамони фарбеҳ ин қабил бемориҳоро тезтар паси сар мекунанд.”

-Омили раҳоӣ аз фарбеҳӣ кадом аст?
Раҳматуллоев: “Аввалан, одамҳои фарбеҳ бояд зиёд ҳаракат кунанд, зеро ҳаракати ҷисмонӣ як омилест инсонро аз фарбеҳӣ эмин медорад. Дигар ин ки ғизои бегоҳирӯзиро кам ва ё умуман истеъмол накунанд. Аз хӯрдани маҳсулоте, ки аз орд омода мешаванд, худдорӣ кунанд. Ба ҷои ин, бештар маҳсулоти ширӣ, меваҳо ва лубиёгиҳо истеъмол кунанд, дар ин сурат ҳам баданашон хуб инкишоф меёбад ва ҳам худашонро аз аз фарбеҳӣ эмин медоранд.”


Дар акс: Шералӣ Раҳматуллоев


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!