Бахшҳо
09 апр 2013 10:30Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Мардикорӣ ҷои соҳибкориро мегирад?

Сиёвуш ҚОСИМЗОДА

Қонуни нави андоз теъдоди соҳибкоронро коҳиш додааст. Тӯли се моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 18 ҳазор соҳибкор фаъолияти худро боздоштаанд. Афзоиши босуръати эълонҳои қатъи фаъолияти соҳибкорӣ дар нашрияҳо низ таассуротеро ба миён овардааст, ки ҳар ҳафта 60-80 нафар аз соҳибкорӣ даст мекашанд.

Мутобиқшавии соҳибкорон бо Кодекси нав осон нест

Бинобар нишондоди қонун, ҳар соҳибкор бояд аз хатми фаъолияташ дар нашрияҳо эълон диҳад ва он гоҳ аз масъулиятҳои худ озод хоҳад гашт. Аммо рӯшан нест, чӣ теъдоде аз ин соҳибкорон дубора ва дар шакли дигар ба арсаи соҳибкорӣ баргаштаанд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, теъдоди онҳое, ки риштаи корашонро иваз мекунанд ва дигарбора сабти ном мешаванд, низ кам нест.

Саидаҳтам Абдуллоев, раиси раёсати хидматрасонӣ ба андозсупорандагони Кумитаи андоз мегӯяд, баъд аз қабули Кодекси нави андоз қисме аз соҳибкорон соҳаи фаъолияти худро аз нав ба қайд мегиранд: "Ҳоло як давраи гузариш аст. Аксарияти соҳибкорон фаъолияти худро аз сари нав ба қайд мегиранд. Ба қайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ низ зиёд аст. Чунки ҳоло ба қайд гирифтани соҳибкор тариқи равзанаи ягона хеле осон аст. Бар ивази 40 сомонӣ метавонӣ патент гирӣ. Вале бисёр нафароне, ки худро чун соҳибкор ба қайд мегиранд, як-ду моҳ фаъолият карда, Русия мераванд ва соҳибкориро тарк мекунанд."

Ба гуфтаи ҷаноби Абдуллоев, ин қабил соҳибкорон на ба нозироти андоз сари вақт эъломияро пешниҳод мекунанду на андоз месупоранд. Ба таъкиди номбурда, ин қабил ҳодисаҳо кори нозирони андозро дар ҷамъоварии андоз мушкил мекунад. Иқтисоддон Баҳор Камаров мегӯяд, “нозирони андоз ба суроғи соҳибкороне, ки кор накардаву даромад нагирифтаанд, намеоянд. Гоҳо ин замон аз 3 моҳ то 1 сол тӯл мекашад. Дар ҳолатҳое ҳатто соҳибкорон суроғаи худро чандон дақиқ намедиҳанд. Барои ҳамин, набудани ҳисоботе, ки кор кардан ё накардани онҳоро муайян мекунад, мушаххас кардани теъдоди соҳибкороне, ки фаъолияти худро қатъ кардаанд, душвор аст. Барои маълум кардани шумораи соҳибкороне, ки кор мекунанд, ҳар сол аз нав ба қайдгирӣ мегзаронанд. Онҳое, ки шаҳодатнома гирифтанду кор карда натавонистанд ё наомаданд, номи онҳо дар рӯйхати соҳибкороне, ки кор мекунанд, рафтан мегирад. Вале вақте омаданду кор накарданашон аниқ шуд, аз руйхат хориҷ мешаванд.”

Соҳибкорон тарки Тоҷикистон мекунанд

Раҳмулло Мӯҳтоҷов, як соҳибкори тоҷик, ки қасд дорад фаъолияти соҳибкорияшро қатъ кунад, дар бораи сабаби аз соҳибкорӣ даст кашиданаш мегӯяд,"росташро гӯям, ман либос савдо мекардам. Аз хориҷа меовардем дар болояш як чиз монда дар бозор мефурӯхтем. Аз ҳамин ҳисоб зиндагӣ пеш мерафт. Лекин ҳозир андоз бисёр баланд шуд. Масалан, як андози иҷтимоӣ, ки ба камиаш 95 сомонӣ буд, ҳоло то ба 185 сомонӣ гарон шудааст. Ин ҳам ҳадди ақали ин навъи андоз аст".

Раҳмулло дар идома гуфт, чанд нафар дӯстонаш аз Русия ба ӯ пешниҳод кардаанд, ки фаъолияти соҳибкориашро дар он ҷо идома диҳад. Раҳмулло ҳанӯз тасмими мушаххас нагирифтааст, аммо агар дар Русия бизнеси худашро ба роҳ монда тавонад ва даромади хуб ба даст орад, он гоҳ бо аҳли оилааш ба он кишвар кӯч хоҳад баст. Ҳамчунин кам нестанд, соҳибкороне, ки сармояи худро ба кишварҳои дигар интиқол медиҳанд ва пойгоҳи тиҷорати худро дар онҷо мегузоранд, то аз андозҳои зиёд халос шаванд.
Зулфиқори Исмоилиён таҳлилгари масоили иқтисодӣ мегӯяд, ду соли пеш тақрибан 41 дарсади соҳибкорон фаъолияти худро ба берун бурданд. Аз ҷумла, ба кишварҳои арабӣ, Қирғизистон ва Қазоқистон, ки дар ин кишварҳо метавонанд фаъолияти худро нисбат ба Тоҷикистон хубтар кунанд.

Иқтисоддон Баҳор Камаров мӯътақид аст, ки чун мавсими ба Русия рафтан аст, соҳибкорон ба онҷо мераванд, чун дар ин кишвар имконияти кор кардан бештар аст. Аммо дар Тоҷикистон барои фаъолият аввал қарз гирифтан лозим, ки на ҳама қарзро гирифта метавонанд. "Ба вижа бо шартҳое, ки бонкҳо қарз медиҳанд, чандон мувофиқи мақсад нест, ки шахс қарз гираду ба соҳибкорӣ машғул шавад”,-гуфт мусоҳиби мо.

Бонкҳо аз соҳибкорон фосилаи зиёд доранд

Зулфиқори Исмоилиён, таҳлилгари масоили иқтисодӣ, мегӯяд, масъалаи тарки фаъолият кардани соҳибкорон чи расмӣ ва чи ғайрирасмӣ ба системаи андоз марбут мешавад. Зеро пештар ҳам тамоми соҳибкорон аз ҳамин шикоят мекарданд, ки наметавонанд ин қадар андозҳои зиёдро пардохт кунанд. Ба гуфтаи номбурда аслан кодекси андози Тоҷикистон барои варшикаст шудани ҳамаи соҳибкорону бахши хусусист, чун андозҳои зиёд имконият намедиҳад, ки бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ дар Тоҷикистон рушд кунад.

Ба қавли иқтисоддонон он имтиёзе, ки ба соҳибкорони тавлидӣ дода мешавад, бисёр ночиз аст. Дар кишварҳои дигар соҳибкороне, ки ба фаъолияти тавлидӣ машғуланд, то 2 сол аз андоз озод карда мешаванд. Вале дар Тоҷикистон аз рӯзе, ки шахс фаъолияташро оғоз мекунад, бояд андоз супорад. Барои ҳамин аст, ки соҳибкорон дигар кишварҳоро интихоб мекунанд. Дар хориҷа таи ин 2 сол соҳибкорон метавонанд фаъолияти худро пеш баранду сармоя ҷамъ кунанд, ҳол онки дар Тоҷикистон чунин нест.

Бино бар маълумоти Кумитаи андози Тоҷикистон, ҳоло дар кишвар наздик ба 155 000 нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд. Қисме аз ин афрод бо воситаи шаҳодатномаи соҳибкорӣ ва пантент кор мекунанд ва боқимонда роҳбарони хоҷагиҳои деҳқониянд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)