Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 23:02

Ҷоми AFC-2013: “Равшан”-и Кулоб боз бо “Ал Қудсия” рақобат мекунад

9 апрел 2013, 10:41

Қаҳрамони феълии Тоҷикистон оид ба футбол ва барандаи Ҷоми олии Тоҷикистон дастаи “Равшан”-и Кӯлоб имрӯз, 9-уми апрел, дар даври чоруми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 дар гурӯҳи “D”, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд бо тими “Ал Қудсия”-и Кувайт ба сабқат мебарояд. Ин даста рӯзи 3-юми апрел дар бозии даври сеюми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 дар гурӯҳи “D”дар меҳмонӣ аз тими “Ал Қудсия”-и Кувайт шикаст хӯрда буд.

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар нахустин бозии даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 дар шаҳри Хуҷанд аз тими “Ал-Рамза”-и Урдун бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Рӯзи 13-уми март дар меҳмонӣ бо тими “Ал-Шорта”-и Сурия дар варзишгоҳи Шоҳзода Муҳаммад-и шаҳри Аззаркаи Урдун рақобат намуда, бо ҳисоби 0:2 ба шикаст рӯбарӯ гардид.

Натиҷаи се даври мусобиқа дар гурӯҳи “D” чунин аст: Тими “Ал-Қудсия” бо 6 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Тимҳои “Ал-Шорта” ва “Ал Рамза” низ бо 6 имтиёзи мутаносибан дар ҷойҳои дуюм ва сеюм қарор доранд. Дастаи “Равшан” бошад бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад. Намояндаи дигари Тоҷикистон дар даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бошад дар гурӯҳи “А” фардо, 10-уми апрел, дар меҳмонӣ бо тими “Кувайт”-и Кувайт, ба сабқат мебарояд.

Футболбозони дастаи "Регар-ТадАЗ", ки аввалин бозии даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013-ро дар гурӯҳи “А” дар меҳмонӣ бо тими “Сафо”-и Лубнон бо ҳисоби 1:1 анҷом дода буданд, рӯзи 12-уми март, дар бозии даври дувум дар шаҳри Хуҷанд аз дастаи “Ал-Риффа”-и Баҳрайн бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрданд. Дар бозии даври сеюми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 дар гурӯҳи “А”, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд аз тими “Қувайт”-и Қувайт бо ҳисоби 1:3 шикаст хурда буд.

Натиҷаи се даври мусобиқа дар гурӯҳи “А” чунин аст: Дастаи “Кувайт” бо 9 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Тими “Сафо” бо 4 имтиёз дар ҷойи дуюм ва дастаи “Ал-Риффа” бо 3 имтиёз дар зинаи сеюм аст. Дастаи “Регар-ТадАЗ” як имтиёз ба дастовардааст ва дар ҷойи охир аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!