Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 05:23

Кабирӣ: “Тоҷикистони нав” барои мо рақиби ҷиддӣ мешавад, агар...

9 апрел 2013, 12:03

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки баъд аз ҳизби ҳокими ҲХДТ бонуфузтарин маҳсуб меёбад, аз таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” истиқбол кард.

Кабирӣ рӯзи 9-уми апрел дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, то куҷо нерӯи сиёсии воқеӣ будани ин ҳизбро вақт нишон хоҳад дод. Вай афзуд, агар ин ҳизб воқеан мустақил бошад, метавонад дар оянда на танҳо барои ҲНИТ, балки барои ҳамаи ҳизбҳо рақиби ҷиддӣ бошад: “Аммо ин маънои онро надорад, ки мо нуфузи худро аз даст медиҳем. ҲНИТ электорати худро дорад.”

Кабирӣ рабт додани таъсиси “Тоҷикистони нав”-ро ба интихоботи президентии соли 2013 аз як тараф нодуруст арзёбӣ кард: “Таъсиси ҳизби нав ва интихобот ин равандҳои алоҳидаи сиёсӣ ҳастанд. “Тоҷикистони нав” фикр мекунам, ба интихобот камтар рабт дошта бошад. Зеро инҳо ҳаққи пешбарии номзадро надоранд, чун тибқи қонунгузорӣ ҳизб барои пешбарии номзад дар интихобот бояд ҳадди ақал як сол пеш аз баргузории он сабт шуда бошад. Бино ба ин фикр намекунам, ки ин ҷиҳатро пеш аз таъсиси ин ҳизб ба назар нагирифта бошанд.”

Дар ҳамин ҳол Амният Абдулназаров, таҳлилгари сиёсӣ мегӯяд, таъсиси “Тоҷикистони нав” дар остонаи интихоботи президнтӣ шояд бозии навбатӣ бошад ва имкон дорад, қаблан бо мақомот тарҳрезӣ шудааст ва бе ягон мушкилӣ сабти ном гардад: "Ҳамзамон метавонад дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ низ ширкат кунад ва мисли бархе аҳзоби дигар пас аз интихобот қадрдонӣ шавад. Дуюм ба таъкиди ташаббускорони ҳизби мазкур, онҳо ҳеҷгуна анбитсияи идоракунӣ надоранд ва танҳо дар ҳалли мушкилоти иқтисодии Тоҷикистон талош хоҳанд варзид.”

Абдулназаров, афзуд, “нисбати раҳбари ин ҳизб Зайд Саидов агар сухан равад, бояд гуфт, ки соҳибкори муваффақ ва фарди шинохтаи кишвар мебошад. Саидов бо ворид шудан сиёсат метавонад мушкилиҳои зиёдеро барои соҳибкориаш низ ба миён оварад. Боварии комил нест, ки ин ҳизбҳо ҷиддӣ бошанд. Аксарияти аҳзоби имрӯзаи мо ба хотири бисёрҳизбӣ, ба хотири ширкат дар интихобот, ба хотири “қонунӣ” гардонидани интихоботҳо мебошанд. Дар сурате, ки шаш ҳафт моҳ то интихобот боқӣ мондааст, ин ҳизб таъсис шаваду дар интихобот ширкат кунад, пас боварии мардум комилан аз байн рафта, ҷиддӣ будани он зери суол хоҳад рафт. Зеро то кунун мо шоҳиди онем, ки аҳзоби гуногун солҳои зиёде аст, барои сабти номи худ талош доранд, вале бенатиҷа мебошад.”

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раиси Шӯрои Ҳамоҳангсозии ассотсиaтсияҳои соҳибкорон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, рӯзи 6-уми апрел аз таъсиси ҳизби наве бо номи "Тоҷикистон нав" хабар дода, афзуд, ки талошҳояшон барои ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоии кишвар равона хоҳанд шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Як хизбро аз ба кайд гирифтан ё нагирифтанаш бахо дихед вой бар холи шумо барин сиёсатмадор. Сарфи назар аз он, ки ба кайд мегиранд, ё не дигар вай амал мекунад....

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!