Бохти чоруми "Равшан" дар мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2013
Бозии қаҳрамони феълии Тоҷикистон оид ба футбол -- дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар даври чоруми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 дар гурӯҳи “D” бо тими “Ал Қудсия”-и Кувайт дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд 1 бар 3 ба нафъи меҳмонон анҷом ёфт.
Дар дақиқаи дуюми дидор футболбозони "Равшан" тӯбро ба дарвозаи меҳмонон ворид намуда, ҳисобро боз карданд. Аммо пас аз 18 дақиқаи он меҳмонон ба голи задаи соҳибони майдон ҷавоб дода, ҳисобро баробар намуданд. Дар дақиқаи 44-уми нимаи аввали дидор меҳмонон боз як голи дигар ба дарвозаи "Равшан" ворид карданд. Ба ин тартиб, нимаи аввали дидор бо ҳисоби 1:2 ба нафъи меҳмонон анҷом ёфт. Голи якуми меҳмононро Фаҳад Ансорӣ ва ду голи дигарро Ал-Мутава ба ҳадаф расонданд.
Ёдовар мешавем, дастаи “Равшан” рӯзи 3-юми апрел низ дар бозии даври сеюми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 дар гурӯҳи “D”дар меҳмонӣ аз тими “Ал Қудсия”-и Кувайт бо ҳисоби 3:0 шикаст хӯрда буд. Аз ин пеш, дар нахустин бозии даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 дар шаҳри Хуҷанд аз тими “Ал-Рамза”-и Урдун бо ҳисоби 0:1 ва рӯзи 13-уми март дар меҳмонӣ бо тими “Ал-Шорта”-и Сурия дар варзишгоҳи Шоҳзода Муҳаммад-и шаҳри Аззаркаи Урдун бо ҳисоби 0:2 ба шикаст хӯрдааст.
Намояндаи дигари Тоҷикистон дар даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бошад, дар гурӯҳи “А” рӯзи 10-уми апрел дар меҳмонӣ бо тими “Кувайт”-и Кувайт, ба сабқат мебарояд. Футболбозони дастаи "Регар-ТадАЗ", ки аввалин бозии даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013-ро дар гурӯҳи “А” дар меҳмонӣ бо тими “Сафо”-и Лубнон бо ҳисоби 1:1 анҷом дода буданд, рӯзи 12-уми март, дар бозии даври дувум дар шаҳри Хуҷанд аз дастаи “Ал-Риффа”-и Баҳрайн бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрданд. Дар бозии даври сеюми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 дар гурӯҳи “А”, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд аз тими “Қувайт”-и Қувайт бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуданд.
Натиҷаи се даври мусобиқа дар гурӯҳи “А” чунин аст:
Дастаи “Кувайт” бо 9 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Тими “Сафо” бо 4 имтиёз дар ҷойи дуюм ва дастаи “Ал-Риффа” бо 3 имтиёз дар зинаи сеюм аст. Дастаи “Регар-ТадАЗ” як имтиёз ба дастоварда, дар ҷойи охир қарор дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |