Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:48

Зилзила дар наздикии нерӯгоҳи атомии Бушеҳр беш аз 30 кушта ва садҳо захмӣ гузошт

10 апрел 2013, 00:10

Заминларзае бо бузургии беш аз 6 дараҷаи Рихтер рӯзи нӯҳуми апрел ҷанубушарқи Бушеҳр, ҳудуди 90 то 100-километрии нерӯгоҳи атомии Бушеҳри Эронро ларзонд. Хабаргузории “Форс” аз қавли мақомоти Бушеҳр навиштааст, бар асоси охирин омор дар пайи ин зилзила 32 нафар ҳалок ва беш аз 800 нафар захмӣ шудаанд.

Устондори Бушеҳр ба хабаргузориҳо гуфтааст, "ин заминларза ҳудуди 700 манзили истиқоматиро низ вайрон кард". Аммо ба қавли мақомот, ин заминларза ҳеч мушкилеро барои нерӯгоҳи Бушеҳр эҷод нанамудааст. Аммо бисёре аз минтақаҳои вилояти Бушеҳр бидуни обу барқ монда, созмони Ҳилоли Аҳмар омодагияш барои кумак ба беҷомондагону осебдидагонро изҳор доштааст.

Бино ба гузоришҳои расида, ин зилзила дар Дубай ва Абудабӣ ва Баҳрайн низ эҳсос шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!