Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 04:55

"Раисон чӣ парвои мо доранд?" Эътироз дар Ваҳдат (Видео)

10 апрел 2013, 21:13

Рӯзи чоршанбеи даҳуми апрел беш аз сад тоҷири бозори марказии шаҳри Ваҳдат ба нишони эътироз дар назди дарвозаи бозор гирди ҳам омаданд.

Тавре ҷамъомадагон дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор доштанд, норозигии асосии онҳо ба талаботи ҳукумати маҳаллист, ки мехоҳад, тоҷиронро аз ҷойи корашон ба бозори нави шахсӣ кӯчонад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи тоҷирон бозори марказии Ваҳдатро онҳо бо пули худ обод кардаанд ва ҳар моҳе пули андозро саривақт месупориданд.

Як зани миёнсол, ки дар миёни тазоҳургарон буд, аз сахтии рӯзгораш шикоят намуда, аз ҷумла гуфт, "7 фарзанд дорам, ки якеаш маъюб аст. Аз се бонк ба маблағи 15 ҳазор доллари амрикоӣ қарздор ҳастам, агар бовар накунед, инҷо бо худ ҳуҷҷатҳо дорам. 15 ҳазор доллар қарз гирифта, рӯзи худро мегузаронам. Ҳукумат парво надорад, чун шиками онҳо сер аст. Онҳо парвои камбағал надоранд. Худ қазоват кунед, ҳашт фарзандро нон додан осон аст?! Шиками раис бошад, сер аст, аммо мо обу барқ надорем. Худи Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, пайдо кунеду бихӯред, ин чи рӯзи сиёҳ аст, болои мо? Дар болои ин духтарам бо чаҳор фарзандаш дар хонаи ман зиндагӣ мекунад, ба куҷо арз кунам, ба куҷо шикоят барам, намедонам."


Назари мақомоти шаҳри Ваҳдат ва шикояту пешниҳодҳои тоҷирони бозорро дар ин навори видеоӣ бубинед:




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба бозуи тавоною куввати сари даст,
Хатост панчаи мискини нотавон бишикаст.

Баъдан гуфтани хастам, ки чаро журналист хангоми ба навор гирифтани мушкилоти сохибкорони бозори ш. Вахдат аз онхо дар бораи имтиёзхои хукумати шахр пурсон нашудааст. Чаро аз чихати хукуки масъулинро суол надодааст, ки кадом фахмондадихихо ва дар кадом руз баргузор шудааст?
Посух додан
  • rr

  • 13 апрел 2013 22:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Гар обод намекуни Вайрон макун моро!!!
Посух додан
  • csrss

  • 14 апрел 2013 21:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Метарсам ки ё худтона махкам мекунан ё сайтатонро (* Лекин рахмат барои харакатхоятон !!!
Посух додан
  • zarina

  • 16 апрел 2013 01:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
офарин!
вой бар холи халки гуломам!
бечора раисо дар фикри мерседесу бентливу феррари бошанд - писаро калон шудестан, домодо талаб кардостан, духтаро дунера дидостан - ба ин хотир арендаи бозор хар мох зиед шудестай - на дар фикри истехсолоту пешрави - факат дар фикри пули осону тез!!
Посух додан
  • ahmad

  • 21 апрел 2013 10:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
na tanho in bozor balki chandin magazinho va bozorhoero kanda az bayn burdaand yo otash zadaand to in ki safi gulomho daar rasia ziyod shavad va faromusht naboiad kard ki agar in bozor zarae ba kheshonu aqraboi hukumatdoron foidae merasond hargiz in kora namekardan

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!