Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:19

Андоз аз ҳуқуқи муаллифӣ низ бояд супорида шавад

7 июл 2011, 12:58

Дар толори кумитаи андоз мулоқоти масъулини ин ниҳод бо санъаткорон сурат пазируфт.


Тавре ба «Озодагон» аз ин кумита иттилоъ доданд, ҳадаф аслии вохӯрӣ     корҳои фаҳмонидадиҳӣ ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупории андозсупорандагон мебошад. Дар нишаст қайд гардид, ки айни замон дар қаламрави ҷумҳурӣ 418 нафар санъаткор дар мақомоти андоз ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 96 нафарашон дар қайд ва ҳамзамон истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе мебошанд.
Манбаъ афзуд, тайи панҷ моҳи соли равон аз тарафи санъаткорон 32 маротиба амали қонунвайронкунӣ дар бахши андоз ошкор шудааст ва нисбати онҳо протоколи маъмурӣ тартиб додаанд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки маблағҳое, ки санъаткорон аз истифодаи мувақатии ҳуқуқҳои муаллиф, ҳамчун даромад ба даст меоранд, дар эъломияҳои андоз дарҷ гардида, бояд ба андозбандӣ фаро гирифта шаванд. Ҳамзамон дар ҷараёни чорабинӣ санъаткорон   вобаста ба тартиби пешниҳоди эъломияҳои андоз ҳамчун соҳибкори инфиродӣ, тартиби маблағҳои пардохти патент, тартиби андозбандии кори кироя  ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти соҳибкории хеш таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, ба суолҳои сершумори хеш посухҳои қаноатбахш гирифтанд.  {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!