Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:49

Сафир: Матраҳтарин чеҳраи Бритониёро аз даст додем

10 апрел 2013, 21:56

Сафорати Бритониё дар Душанбе китоби баёни ҳамдардӣ оид ба даргузашти Маргарет Тэтчер, нахустин сарвазир-зани ин кишвар, боз намудааст, ки 8-уми апрел дар синни 87-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Тавре Баҳодур Шералиев, масъули бахши робита бо ҷомеаи сафорати Бритониё дар Душанбе, ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ дод, рӯзҳои 10-12-уми апрел аз соати 9:15 то 16:45 шаҳрвандон метавонанд дар китоби зикршуда баёни ҳамдардӣ намоянд.

Сафири Бритониё дар Тоҷикистон Робин Орд-Смит дар робита изҳор доштааст, ки «бо даргузашти хонум Тэтчер Бритониё яке аз чеҳраҳои матраҳи худро аз даст дод. Хонум Тэтчер қавииродагии худро дар давоми сарвазирии худ нишон дода буд. Мо ба аҳли оилаи ӯ ҳамдардӣ баён менамоем.»

Дар ҳамин ҳол Девид Кэмерон, нахуствазири Бритониё, пас аз шунидани хабари марги хонуми Тэтчер гуфтааст: “Мо як раҳбари бузург, як нахуствазири бузург ва як бритониёии бузургро аз даст додем."

Вазири умури хориҷии Бритониё Уилям Хейг дар мавриди даргузашти хонум Тэтчер афзудааст, ки «марҳум мамлакати моро дигаргун намуд, ва мо ҳама ба ӯ миннатдор ҳастем. Ёдат ба хайр Маргарет!" Маросими ба хоксупории Маргарет Течер 17-уми апрел дар назар аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!