Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 07:03

Қотили донишҷӯдухтари қазоқ ба ҳабси абад маҳкум шуд

10 апрел 2013, 22:02

Додгоҳи Австралия, рӯзи 8-уми апрел нисбати муттаҳам ба қатли донишҷӯдухтари қазоқ ҳукми ҳабси якумраро содир намудааст.

Тавре дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Қазоқистон иттилоъ медиҳад, ин донишҷӯдухтари қазоқ Сагунай Батурханова, 1-уми октябри соли 2011 аз сӯйи ҳамсараш Ҷакапонг Ҷиттавеч, ки шаҳрванди Тайланд мебошад, дар шаҳри Бризбени Австралия ба қатл расонда шудааст.

Манбаъ меафзояд, ки мурофиаи додгоҳии шаҳрванди Тайланд зери назорати қатъии сафорати Қазоқистон дар Австралия қарор дошта, фарзанди бесарпаноҳмондаи шаҳрванди қазоқ бо пуштибонии мақомоти қазоқ фаро гирифта шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!