Бахшҳо

Талаби истеъфои вазири маориф барои қарори манъи ҳиҷоб

Издиҳоми чандсаднафара дар назди бинои Вазорати маорифи Озорбойҷон алайҳи қарори ин  мақомот дар хусуси ҳиҷоб  даст ба гирдиҳамоӣ заданд.

Санади марбутаро дар хусуси манъи  ҳиҷоб дар муассисаҳои таълимӣ моҳи ноябри соли 2010 Вазорати маорифи ин кишвар ба тасвиб расонида буд. Тазоҳургарон истеъфои вазири маориф Мисир Мардоновро тақозо кардаанд.   Миёни мардум ва пулис, ки кӯшиши пароканда кардани издиҳомро мекард, задӯхурд ба амал омад. Бар асари зарбаҳои чӯбдасти пулис сари даҳҳо нафар, аз ҷумла миқдори афзуни занон кафида, хуншор шудааст. Дар ин бора хабаргузориҳои озарӣ иттилоъ медиҳанд

Ҳатто журналистони дар ин минтақа наворгирро низ пулис мавриди латукӯб қарор дода, таҷҳизоти аккосӣ ва наворгирии онҳоро шикастаанд.

Мардуми башӯромада бар муқобили латукӯби пулис аз сангҳои канори роҳ истифода карда, пулисро ба қафонишинӣ маҷбур кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки чунин як тазоҳурот бар зидди қарори вазорати маорифи Озарбойҷон 10-уми декабри соли гузашта низ доир гардида буд.

Тахминан якуним сол қабл бо як қарори вазири маорифи Озарбойҷон рафтани хонандагон бо хичоб ва ё русарӣ ба тадрис мамнӯъ гардида буд.  Баъди ин теъдоди зиёди духтарон аз таҳсил дар макотиби ҳамагонӣ худдорӣ карда буданд.

Ёдовар мешавем, чанде пеш чунин тасмимро Вазорати маорифи Тоҷикистон ҳам аз сар  гирифта буд, ки миёни мардум вокуниши зиёдеро ба бор овард. Аммо масъулин то  ҳанӯз ба хонандагони макотиби миёна ва  донишҷӯён иҷоза намедиҳанд, к ибо рӯсарӣ ба дарс ҳозир шаванд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)