Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:53

Писари президент ба китоби рекордҳои Гиннес ворид гашт

7 июл 2011, 13:06

Писарбузурги райисҷумҳури Гурҷистон ба китоби рекордҳои Гиннес ворид гардид.


Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, Эдуард Саакашвилии 15-сола, фарзанди калонии президент Михаил Саакашвилӣ, бо суръати ҳайратовар дар iPad алифбои англисиро бо дасти росташ ҳуруфчинӣ кардааст. Гуфта мешавад, бачаи райисҷумҳур ин амалро дар ҳузури довари байналмилалии рекордҳои Гиннес- Шейда Субаси Гениҷӣ тайи 5,26 сония анҷом додааст, ки ин аз рекорди қаблии тинейҷери англис, Чарли Макдонелла 1,5 сония беҳтар аст.Пас аз он ки рекорд дар Кохи адлияи Батумӣ расман ба қайд гирифта шуд, ба Эдуард аз ҷониби ҳакамон шаҳодатнома тақдим гардид.Зимни маросими мазкур, модари ӯ, бонуи рақами 1-и Гурҷистон, Сандра Руловс ва вазири варзиш ва кор оид ба ҷавонони кишвар Ладо Вардзелашвили низ иштирок доштанд.  {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!