Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 00:57

Аксҳо: Тобути муҳоҷири ванҷӣ ба Ватан оварда шуд

11 апрел 2013, 10:21

Ҷасади Малики Сафаралӣ, муҳоҷири тоҷик аз ноҳияи Ванҷ, ки дар пайи задухӯрди муҳоҷирони тоҷик дар Русия, рӯзи 1-уми апрел кушта гардид, рӯзи 10-уми апрел ба ватан оварда шуд.

Дар ин бора пайвандони Малики Сафаралӣ ба хабаргузории "Озодагон" иттилоъ доданд. Малики Сафаралӣ, муҳоҷири тоҷик, рӯзи 1-уми апрели 2013 аз сӯйи чаҳор нафар аз сокинони ҷамоати Язғулом, ки ному насабашон маълум нест, дар кӯчаи Проектируемий, ноҳияи Измайловои Маскав, дар наздикии Маркази тиҷоратии Новочеркизовский ба қатл расонида шудааст. Инчунин зимни задухӯрди муҳоҷирони тоҷик дар ин рӯз як сокини дигари ноҳияи Ванҷ маҷрӯҳ гардида буд.

Аксҳо: Тобути муҳоҷири ванҷӣ ба Ватан оварда шуд

Аксҳо: Тобути муҳоҷири ванҷӣ ба Ватан оварда шуд

Аксҳо: Тобути муҳоҷири ванҷӣ ба Ватан оварда шуд

Аксҳо: Тобути муҳоҷири ванҷӣ ба Ватан оварда шуд

Аксҳо: Тобути муҳоҷири ванҷӣ ба Ватан оварда шуд


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • oftob

  • 11 апрел 2013 22:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"Ман аз бегонагон харгиз нанолам, хар чи бар ман кард йору ошно кард"
Ох ох ох гариби садхоро хуни дилу садхоро бе манзилу садхоро котилу садхоро олим крди .....дарего сад дарег
Посух додан
  • Nazir

  • 12 апрел 2013 11:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хабарнигорони радиои озоди магар шарт бyд инқадар аксҳоро аз марҳyм дар сайтатон ҷой диҳед ва номи мардyми Язгуломро ки то ба ҳол малyм нест киҳо ин шаҳрванди моро кyштанд реклама кyнед. Магар ин коратон хайре ба миллат хоҳад бyд ё ки як маҳалро болои маҳал дигар шyрондан.Ҳазорҳо ҳамватани моро миллатгарои Рус куштанд боре ҳам надидем инқадар реклама карда бошед.Бидyни таҳқиқ шyмо наметавонед қавмеро дар инҷа гунаҳкор елон кунед. Хyдо макони марҳумро ҷаннат ва ба хесy ақрабо сабри ҷамил ато кyнад ва дустивy меҳру муҳаббатро байни мо мусалмонҳо Тоҷик ҳукмфармо кунад. Омин
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худованд рахматаш кунад. Мухочират кори басо мушкил аст. Гурусна мемони, азоб мекаши, кор мекуни, тамоми вакти дар ончо будаатро барои таъмин намудани нафакаи ахлу аёли худ мегузарони вале сад афсус, ки Худоё накарда, бо инкадар ранчу азоб ва мехнатхои модарони шаббедор аз ончо тобути маргатро меоранд. Ин хаккикат аст, ки мо аз суи Худо омадем ва ба суи У бозгардандаем. Дар Точикистони азизи худ бояд ба кадри якдигар бирасем. Ба хонадони Малики Сафарали сабр хохонам. Худо рахматат кунад Малики Сафарали ...
Посух додан
  • 333336

  • 17 апрел 2013 14:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
РАХМАТАШОН КНА ХУДОВАНД

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!