Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:33

Сарпрокуратураи ҳарбии Тоҷикистон тафтиш оғоз мекунад

8 июл 2011, 03:28

Додситонии низомӣ тафтиши қазияи се афсари баландрутбаи марзбонро шурӯъ карданист.


Тавре ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» аз прокуратураи ҳарбии гарнизони вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб иттилоъ доданд, як ҳайате иборат аз масъулини сарпрокуратураи ҳарбии ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири бурдани тадқиқот аз болои ҷурми афсарони қисми ҳарбии кумитаи сарҳадот ба Кӯлоб ташриф овардаанд.

Ёдовар мешавем, ки се майори сарҳадбон шаби 2-юми июл, дар ҳолати сархушӣ ба рустои Порвори ноҳияи Шӯрообод зада даромада, 5-тан аз аҳолии осоиштаро бо шумули як зан лату кӯб карда буданд. Дар ин бора дар шӯъбаи корҳои дохилӣ ва прокуратураи ноҳия парвандаи ҹиноятӣ кушода, баъди ба анҷом расонидани тафтишот, онро ба прокуратураи гарнизони ҳарбӣ интиқол дода буданд. Намояндаи додгоҳи низомии гарнизони Хатлон дар минтақаи Кўлоб, Ғайратшоҳ Сангов гуфт, дар ҳоли ҳозир ба суди ҳарбӣ дар мавриди додани иҷозаи (санксияи)   боздошти гумонбаршудагон муроҷиат нашудааст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!