Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:26

Он рӯи тангаи демократия дар Аврупо

11 апрел 2013, 14:03

Ташдиди бӯҳронҳои сиёсӣ ва иқтисодии мавҷуд дар Иттиҳодияи аврупо ва минтақаи евро дар ҳоле сурат мегирад, ки аксари шаҳрвандони аврупоӣ бо машии раҳбарони қорраи сабз мухолиф буда ин мухолифатро ба сурати ошкор низ баён кардаанд.

Дар ҳоле, ки ҳар рӯз бар доманаи бӯҳронҳои иқтисодиву сиёсии мавҷуд дар Иттиҳодияи аврупо ва минтақаи евро афзуда мешавад, сарони аврупоӣ бидуни таваҷҷуҳ нисбат ба хосту мутолибаи афкори умумӣ, ҳамчунон дар садади пиёдасозии тарҳҳои парҳезӣ ва душвори худ дар кишварҳои мухталиф ҳастанд.

Дар ин миён раъйи мардум ва баргузории ҳамапурсӣ ба хатҳои сурх ва дар айни ҳол ноаёни Иттиҳодияи аврупо табдил шудааст. Сарони кишварҳои аврупоӣ ба хубӣ медонанд, ки дар сурати вогузор кардани тасмимгирии ниҳоӣ ба шаҳрвандони кишварҳои аврупоӣ, аксари тарҳҳои иқтисодиву сарфаҷуии мавҷуд аз сӯи онҳо бо мухолифат мувоҷеҳ мешавад. Аз ин рӯ, мақомоти аврупоӣ зимни истифода аз забони таҳдид алайҳи шаҳрвандони кишварҳои бӯҳронзадаи аврупоӣ, аз онҳо мехоҳанд то байни гузинаи сарфаҷуии иқтисодӣ ва ихроҷ аз минтақаи евро ва оқибат инзиво дар Иттиҳодияи аврупо як гузинаро интихоб кунанд.

Вақте фарёди киприҳо нодида гирифта мешавад

Таи рӯзҳои ахир шиддат гирифтани эътирозҳои мардумӣ дар кишвари Кипр ҷарён дорад. Ин кишвари кучаки узви минтақаи евро ҳамакнун қурбонии тасмимгирии нодурусти сарони кишварҳои аврупоӣ дар хусуси эҳдои кумакҳои молӣ шудааст. Сарони кишварҳои аврупоӣ исрор доранд, ки бо афзоиши молиёт бар амонатҳои шаҳрвандони кипрӣ ва сарфаҷуӣ дар будҷаи умумии ин кишвар, мушкилоти мавҷуд дар бонкҳои ин кишвар бартараф шавад! Эъмоли ин тасмимгирӣ аз сӯи мақомоти аврупоӣ ба наҳве таҳқири шаҳрвандони кипрӣ ва қарор додани онҳо дар фишори иқтисодии шадид маҳсуб мешавад, бо ин вуҷуд шароити ғайриоддӣ ва меъёрҳои ғайримунсифонае, ки аврупо барои эътои кумаки молӣ ба Кипр дар назар гирифтааст, ҳамчунон шаҳрвандону давлати ин кишварро озор медиҳад.

Дар чунин фазое шаҳрвандони кипрӣ зимни ибрози нигаронӣ нисбат ба ояндаи иқтисодии худ ва масоиле монанди афзоиши нархи бекорӣ, сарони минтақаи евроро аслитарин авомили эҷоди бӯҳрон дар кишварашон медонанд. Дар ҳоли ҳозир мақомоти аршади минтақаи евро шоҳиди нафрати рӯзафзуни шаҳрвандони кипрӣ нисбат ба худ ҳастанд, аммо ин нафрати умумӣ барои онҳо камтарин аҳаммияте надорад! Нигоҳи абзоргароёнаи мақомоти аврупоӣ нисбат ба киприҳо монанди юнониҳо ва испанияиҳост. Чунончи вазири умури хориҷаи Кипр низ таъкид кардааст, ин кишвар ба муши озмоишгоҳии аврупо табдил шудааст ва эътои кумакҳои молии аврупо ба Никузия, мунҷар ба эҷоди дардисарҳои зиёде барои ин кишвар хоҳад шуд.

Қарор додани шаҳрвандони кипрӣ дар инзиво сиёсатест, ки Ангела Маркел раҳбари Олмон аз аслитарин тарроҳони он будааст. Мушобеҳи ин сиёсати Меркел дар қиболи кишвари Юнон низ пиёда шуда буд.Бедалел нест, ки дар тазоҳуротҳои баргузор шуда аз сӯи миллати Юнон дар эътироз ба вазъияти бади иқтисодӣ, раҳбари Олмон ба Адулф Гитлер ташбеҳ мешавад.

Такрори таҷрубаи талхи Юнон дар Кипр

Шаҳрвандони юнонӣ низ монанди шаҳрвандони кипрӣ қурбонии нигоҳи абзоргароёнаи минтақаи евро нисбат ба худ шудаанд. Дар соли 2012 ин нигоҳи абзоргароёна худро ба сурате ошкор нишон дод. Албатта ин навъи нигоҳ қаблан низ аз сӯи сарони минтақаи евро нисбат ба Атен вуҷуд дошт, бо ин вуҷуд интихоботи саросарии Юнон ба нуқтаи ошкорсози ин навъи нигоҳи бешармона табдил шуд.Порсол дар ҷарёни баргузории интихоботи саросарии Юнон, ки ҳукми ҳамапурсӣ барои пазириши тарҳҳои сарфаҷуии аврупоро дошт, аз Ангела Маркел то Фронс Уланд раисҷумҳури Фаронса ба таҳдиди миллати Юнон пардохтанд. Мақомоти аврупоӣ ба шаҳрвандони юнонӣ ҳушдор доданд, ки дар сурати адами интихоби ислоҳоти иқтисодӣ ба таври комил аз минтақаи евро хориҷ хоҳанд шуд.

Агарчи ин таҳдиди мақомоти аврупоӣ мунҷар ба раъйи иҷбории шаҳрвандони юнонӣ ба ислоҳоти иқтисодӣ он ҳам ба сурати нисбӣ шуд, аммо парда аз чеҳраи воқеии демократияи аврупоӣ бардошт.

Раисҷумҳури Фаронса дар остонаи баргузории интихоботи Юнон ба шаҳрвандони ин кишвар ҳушдор дода буд, ки дар сурати раъй ба тарафдорони адами иҷрои тарҳи дарёфти кумакҳои молӣ, амалан наметавонанд бар рӯи кумакҳои Фаронса дар хусуси ибқои кишварашон дар минтақаи евро ҳисоб боз кунанд ва дар ин сурат ҳатто Парис низ ба ҷамъи тарафдорони хуруҷи Отен аз минтақаи евро хоҳад пайваст. Ин ҳушдори Уланд дар остонаи баргузории интихоботи Юнон дар ростои иъмоли фишор бар шаҳрвандони юнонӣ дар сояи пазириши сиёсатҳои аврупои воҳид сурат гирифт. Қабл аз Уланд афроде монанди Меркел ва Барусу низ ниқоби демократия ва эҳтиром ба раъйи мардумро аз ҷеҳра бардошта ва ҳушдорҳоеро алайҳи миллати Юнон мухобира карда буданд.

Ҳамакнун ду миллати Юнону Кипр як дарди муштаракро таҷруба мекунанд ва он нигоҳи абзоргароёнаи мақомоти аврупоӣ нисбат ба онҳост. Ин нигоҳи абзоргароёна ҳар рӯз бештар намуд пайдо мекунад. Дар чунин шароите нафрати киприҳо ва юнониҳо аз минтақаи евро ва афроде монанди Ангела Меркел ва ҳатто Франс Уланд амиқтар шудааст.
Таҷрубае, ки ҳечгоҳ фаромуш намешавад.

Шаҳрвандони Ирландӣ аз ҷумлаи афроде ҳастанд, ки қурбонии фишорҳо ва таҳдидоти мутаъаддиди сарони Иттиҳодияи аврупо алайҳи худ будаанд. Дар соли 2008, замоне, ки ҳамапурсии маъруфи тасвиби паймони Лисбон дар Ирланд бо раъйи манфии шаҳрвандони ин кишвар мувоҷеҳ шуд, иъмоли фишорҳои сахти мақомоти аврупоӣ бар ирландиҳо дар ростои тасвиби дубораи ин паймон ба чашм расид.Афроде монанди Саркузӣ ва Меркел шаҳрвандони ирландиро ночор ба баргузории ҳамапурсии дубора карданд ва ин бор аз онҳо хостанд то дар интихоби худ диққат кунанд. Бедалел набуд, ки Васлав Клавс раисҷумҳури собиқи Чехия низ бо истинод ба рад шудани паймони Лисбон дар ҳамапурсии аввалия, ин паймонро паймоне мурда ва беарзиш хонда буд. Дар ҳар сурат шаҳрвандони ирландӣ инбор дар баробари фишорҳо ва таҳдидҳои Иттиҳодияи аврупо таслим шуданду дар ниҳоят ин паймонро ба тасвиб расониданд.

Ин дар ҳоле буд, ки мутобиқи назарсанҷиҳои суратгирифта дар дигар кишварҳои аврупоӣ низ шаҳрвандони бисёре аз кишварҳо бо паймони Лисбон ва мабно қарор гирифтани он ба унвони як паймони ҳуқуқиву сиёсӣ дар аврупо мухолиф буданд. Ба унвони мисол ҳадди аксари шаҳрвандони фаронсавӣ бо тасвиби ин паймон мухолиф буданд. Дар натиҷа Никула Саркузӣ раисҷумҳури Фаронса бидуни инки паймони Лисбонро ба ҳамапурсии умумӣ бигзорад, онро тавассути давлат ва парлумони кишвараш ба тасвиб расонд.

Ба ибораи беҳтар президенти собиқи Фаронса амалан иродаи афкори умумиро дар ин кишвар нодида ингошт. Дар ҳар сурат сарони кишварҳои аврупоӣ ба хубӣ нисбат ба мухолифати шаҳрвандони худ бо сиёсатҳои иттихозшуда дар аврупои воҳид огоҳ ҳастанд ва саъй доранд ба ҳар наҳви мумкин монеъ аз гиреҳ хурдани сарнавишти тасмимоти аслии маҷмуъаи худ бо раъйи мардум шаванд. Бидуни шак агар паймони Лисбон дар соли 2008 аз сӯи ҳама давлатҳои аврупоӣ ба ҳамапурсии мардумӣ гузошта мешуд, ҳаргиз ба тасвиб намерасид. Бо ин вуҷуд ин паймон на аз масири демократик балки бо истифода аз ҷабру таҳдиду зур дар ниҳоят ба тасвиб расид. Ҳануз шаҳрвандони аврупоӣ, махсусан шаҳрвандони ирландӣ таҷрубаи талхи марбут ба наҳваи тасвиби паймони Лисбонро ба хотир доранд.

Таҳияи Сиёвуш Қосимзода


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!