Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:53

"Ҳизбҳо бо баҳонаи фишор ҳукуматро тарсу нишон доданианд"

11 апрел 2013, 15:27

Суҳроб Шарипов, сиёсатшинос ва вакили парлумони Тоҷикистон, афзоиши фишорҳо болои аҳзоб дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳуриро падидаи ногузир арзёбӣ кард.

Ӯ рӯзи 11-уми апрел дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аҳзоб бо баҳонаи фишор худро ҷабрдидаву ҳукуматро тарсу нишон додан мехоҳанд. “Эҳтимол ҳизбҳои сиёсӣ бо роҳи шикоят хостори муттаҳид кардани мардум дар атрофи худ ҳастанд. Бо чунин шикояту изҳорот баъзан ҳизбҳои сиёсии мо нишон доданӣ мешаванд, ки онҳо ба интихобот омодагии ҷиддӣ гирифтаанду вале ҳукумат аз онҳо ҳарос дорад",-афзуд ӯ.

Суҳроб Шарипов зарур медонад, ки чунин изҳорот бояд ҳамеша аз ду ҷанба таҳлил шаванд, ки то куҷо фишорҳо сиёсӣ ва ё ҳуқуқӣ ҳастанд: “Фишори сиёсӣ ба ҳизбҳои мухолиф дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон буд ва ҳаст. Аммо агар фишорҳо ҳуқуқӣ бошанд, бояд аҳзоб ба мақомоти дахлдор муроҷиат кунанд. Шояд баъзеҳо бовар накунанд, вале дар мо додситонӣ ва додгоҳҳо фаъолият мекунанд ва онҳо бояд ба қазияҳо баҳои ҳуқуқӣ диҳанд.”

Дар ҳамин ҳол Шарипов аз вокуниши ҲНИТ ба амали ҳукумати ноҳияи Ҳисор, ки ахиран барои мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ бо аъзои ин ҳизб монеа эҷод кардааст, истиқбол кард. Шарипов гуфт, ҲНИТ барои рӯшанӣ андохтан ба ин қазия ба додситонӣ муроҷиат кардааст ва ин қобили дастгирист: “Ин қазия бояд қабл аз ҳама баҳои ҳуқуқӣ бигирад, то ин ки сиёсӣ. Қонуни асосӣ иҷоза медиҳад, ки ҳар ҳизб аз фишорҳои ҳуқуқӣ ба мақомоти дахлдор шикоят бубарад.”

Дар баробари ин, Шарипов таъкид кард, ки аҳзоби Тоҷикистонро айни ҳол як рӯҳияи “стрессӣ” фаро гирифтааст. Шарипов зарур медонад, ки дар чунин ҳолат ҳизбҳо ва раҳбарони сиёсӣ бояд этикаи эҳтироми шахсиятро риоя кунанд: "Агар рақобат сиёсӣ аст, пас, набояд ҷонибе дар ин набард шахсият, обрӯ, зиндагии шахсӣ ва дигар масоили ба ин монанди ҳассосро истифода бикунад. Озодии шахс, мазҳаб, виҷдон набояд нақз гардад.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Сарбаланд

  • 11 апрел 2013 16:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби Шарипов агар Шумо имон доред, илтимос як бор хакикатро гуед агар чи бар зарари худатон бошад!!!!!!
Посух додан
  • шухрат

  • 11 апрел 2013 16:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
агар чаноби Шарипов аз хакикат сухан гуяд аз вазифа сабукдуш мешавад,барои хамин хеч вакт ростгуи намекунад.
Посух додан
  • Омузгор

  • 11 апрел 2013 17:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин хели бадам не да. чаноби Шарипов аратори хуб аст гох дар сум мезанад гох дар наъл
Посух додан
  • sohib

  • 11 апрел 2013 17:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шумо магар намефахмид ки Шарипов дщуруст мегуяд....хакикат дар миён аст...Шарипов командаи Рахмон аст вале хакикатчуй аст...у оппосиция нест..аммо часурона мегуяд....Шумо барордархо на танхо чашм ...тафаккур бояд кор фармуд..ахсан ба Шарипов...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби Шарипов дарвокеъ дуруст баён мекунед, ки хизбхои мухолиф бо хар роху всита мехоханд Хукуматро тарс бидиханд. Амо чун як шахрванди ин ватан ибрози шахсии худро баён месозам, ки дар кишвари мо ягон хизбе нест, ки бо ХХДМ муковимат карда тавонад. Ба таври истисно мо ХНИТ -ро метавон ба ракобати филу мурча шабех дод. ХНИТ хизби муллохо хаст ва чун чаноби Кабириро чун дипломат ва лидери худ интихоб намудаанд. Ман (андешаи баъзе коршиносон низ хаст) чаноби Кабири сари кудрат омад пагохаш уро нобуд месозанду аз ватан беватан мекунанд, зеро дар ин хизб ягон нафар андешаи солим надоранд хама андешахои шахшуда монда дар онхо нухуфта аст. Чун вокеан Кабири дониши баланд дорад, дипломати сатхи оли аст атрофи Кабири харфе надорам. Аммо баъзе намояндагони ин хизбхо гуё донандаи донишхо баланди сатхи чахони хастанду ба гайр аз эшон касе чизе наметавонад харф мезананд. агар вокеан донишманд ва ё окили коре хастанд (бахшиш) барои чи дар маконе, ки эшон сукунат меварзанд касе эхтиромашон намекунад.
Посух додан
  • Майдача

  • 11 апрел 2013 18:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шарифов дуруст мегуяд! Номарди даркор нест. Шарифов хамеша хакро мегуфту мегуяд, халолаш бод!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби Сухроб Шарифов сиёсатмадори хубест , аммо ин суханони кудакона чи лозим ин амали эшон ба шахсияташон латна мезанад чунин суханонро аз Шарифов хеч интизоре надоштам.
Посух додан
  • Сафар

  • 12 апрел 2013 10:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби С.Шарипов,аз коментарияхои Шумо хама монда шудаанд,барои он,ки хакикатро метарсед гуед.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам Сафар..якумаш ки аз номи хама харф назанед...дуюмаш он ки монда шудед аз сиёсат дур шавед...сеюмаш он ки сиёсат кори мутахассин...чорумаш..Шарипов сиёсатмадор ва сиёсатшиноси касбист...пончумаш...сахми у дар рушди сиёсатшиносиии касби хело калон аст, агар гуем ки у асосгузори сиёсатшиносии прагматики дар Точикистон аст хото намекунем...шашумаш.фазои .сиёсии чумхуриро ин кас тамоман касби ва хело шавковар кард....ва хоказохо хокахо..шогирдони зиёдеро тарбия кард...намедонед харф назанед..
Посух додан
  • Аброр

  • 19 апрел 2014 13:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сухробшох вокеъан сиёсатмадор нести!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!