Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:41

Аз Афғонистон хориҷ шудани нерӯҳои аҷнабии низомӣ идома дорад

8 июл 2011, 03:44

Ҳудуди 3000 сарбозу афсари Канада, ки алъон дар давлати исломии Афғонистон мустақаранд, ба зудӣ ба ватан бармегарданд.


Дар ин бора ҳукумати ин кишвар, баъд аз зӯҳри дирӯз эълом доштааст.Тибқи иттиллои хабаргузории «Франс-Пресс», ки бо такя бо арқоми вазорати дифоъи Канада маълумот пешниҳод кардааст, ин кишвар бо ширкати худ дар амалиёти ҷангӣ дар Афғонистон хотима гузошт ва аз соли 2002 то имрӯз 157 сарбози хешро дар Афғонистон талаф додааст. Аз лиҳози теъдоди сарбозон дар Афғонистон Канада пас аз Иёлоти Муттаҳида, Бритония, Олмон, Фаронса ва Италия дар ҷои шашум қарор дорад. Дар ҳоле ки 2850 сарбози канадагӣ ба ватан бармегарданд, 950 нафари дигар ба Афғонистон мераванд, то дар омӯзишу тамрини нерӯҳои амниятии ин кишвар саҳм бигиранд.{jathumbnail off}

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!