Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:50

Даъвати профессори тоҷик аз Каримов: Маъракаи зидди тоҷиконро бас кунед!

12 апрел 2013, 00:45

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони шинохтаи тоҷик, дар номае ба Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, муроҷиат карда, хостори муносибати хуби ҳамсоядорӣ миёни Тошканду Душанбе шудааст. Ин олими шинохтаи тоҷик гуфтааст, илҳоми навиштани нома баъд аз он омад, ки чанде пештар оқои Каримов дар як суханронии худ гуфт, мехоҳанд равобити хуберо бо ҳамсояҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, барқарор кунанд.

Ҷаноби Умаров дар номаи худ, ки онро ахиран “Азия-Плюс” ба нашр расонд, равобити Тоҷикистону Узбакистон дар соли 2012 ва оғози 2013-ро ба ҳадде сарду нигаронкунанда хондааст, ки ба қавли худаш “таърих ёд надорад”. Ӯ афзудааст, чунин равобит як навъ ҳаросу ноумедӣ ба ояндаро дар дили сокинони Тоҷикистон бедор кард.

Ҷаноби Умаров дар идома мегӯяд, аз оғози мустақилият Тоҷикистон аз тарафи Узбакистон дар бунбаст қарор гирифта ва ин ҳол сол то сол вазнинтар мешавад. Бино ба ҳисобҳое, ки ӯ дар номааш овардааст, аз монеагузориҳои Узбакистон дар оғози соли 2010 иқтисоди Тоҷикистон 26 миллиард доллар зиён дидааст. “Натиҷаи ин бунбаст мушкилоти зиёди иҷтимоиву иқтисодӣ буд”,-таъкид шудааст дар нома.

Дар охир барои беҳбуди равобити Тоҷикистону Узбакистон Ҳоҷимуҳаммад Умаров чанде аз пешниҳодҳои худро баён доштааст, ки аввалини он поккории марзи миёни ду кишвар аз минаҳост. Оқои Умаров гуфта, ки марзи Тоҷикистону Узбакистон ҳаргиз ба минакорӣ ниёз надошту надорад. Вай ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки низоми раводид ё виза бекор шуда, хатти парвоз миёни шаҳрҳои ду кишвар, аз ҷумла Самарқанд, Хуҷанд, Бухоро, Навоӣ, Қаршӣ, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Намангон, Андиҷон, Фарғона, Қӯқанд, Конибодом, Истаравшан ва Тирмиз барқарор гардад.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров ба барқарор кардани ҳаракати қатору мусофирбарҳо низ таъкид намуда, пешниҳод кардааст, ки дигар Узбакистон газу барқашро ба ҳайси фишор истифода накунад. Ҳамчунин дар нома ба Ислом Каримов таъкид шудааст, ки Тошканд аз маъракаҳои зидди тоҷикон даст кашида, ба сокинони тоҷикзабони Узбакистон озодии бештар қоил бишавад.

Ҷаноби Умаров даъват кардааст, ки роҳи тахрибшудаи оҳан бозсозӣ шуда, Тошканд дар сатҳи расмӣ эътироф кунад, ки қисми аслии сокинони Самарқанду Бухоро ва Сурхандарё тоҷиконанд. Ин номаи нахустини донишмандони тоҷик ба Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон нест. Аз ин пеш ҳам чанде аз донишмандони тоҷик, аз ҷумла Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ ва бархе аз намояндагони аҳзоб дар минтақаҳои кишвар ба раисиҷумҳури Узбакистон нома фиристода, вале посухе дарёфт накардаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
То рогун соз нашавад муносибатхои точику узбек хеб намешавад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин икдом хеле хуб аст, ба шарте ки раис чумхури Узбекистон чавоби номаро бинависад. хуб мешуд дипломатхои точик ин икдомро пеш гиранду душмани байни Узбекистон ва Точикистон ба итмом расад. Аз душмани ду тараф хал точиктабори узбекистон дар азобу шиканча карор доранд...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ислом Каримов бо касалии "Точикистон-вой войе,точик вой чонаме,Рогун вой мемураме"гирифтор шудааст.Вай бо хамин дард аз дуньё меравад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!