Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:32

То интихобот дар Душанбе 855 камераи 25-ҳазор долларӣ насб мешаванд

12 апрел 2013, 09:21

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, то моҳи ноябри соли равон дар пойтахти кишвар 855 камераи назоратӣ насб мешаванд, ки хароҷоти миёнаи насбу ба истифодадиҳии ҳар кадомашон ҳудуди 25 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ камераҳои назоратиро ширкати чиноии «Huawei Technologies Co. Ltd.» дар кӯчаҳои Душанбе, дар доираи барномаи “Шаҳри бехатар” насб мекунад, ки арзиши умумии он 22 миллион доллари амрикоӣ мебошад.

Абдулло Навҷувонов, муовини вазири умури дохилӣ, ахиран зимни муаррифии лоиҳаи мазкур дар парлумони кишвар гуфт, аз 22 миллион $-и лозима, 20,9 миллион $ қарзи дарозмуддати Чин ва 1,1 миллион $ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон пардохт мегардад. Вакилони парлумон ҳам ин лоиҳаро дастгирӣ карданд ва акнун интизор меравад, ки татбиқи лоиҳаи мазкур аз моҳи май шурӯъ гардида, моҳи ноябр ба анҷом мерасад. Мақсад аз насби камераҳо таъмини амният дар роҳу хиёбонҳои Душанбе, назорати ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардҳо арзёбӣ мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • mars

  • 12 апрел 2013 09:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин камерахо барои чи бошад е маблати точикистон бисер аст,ки чои харч карданаша надониста камерахои 25 долара мехаранд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вакилони парлумон ва Абдулло Навҷувонов - BAROI YAK RUZI INTIXOBI PREZIDENTI SHUMO ROZI SHUDED KI - 22 миллион доллари амрикоӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон пардохт мегардад. INTIXOBOTRO SHAFFOF GUZARONEDU IN KADAR MABLAGI KALONRO BAROI INKISHO VA PESHRAFTI TOJIKISTON ZARF KUNED XUB MESHAVAD..
Посух додан
  • Darvesh

  • 13 апрел 2013 17:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Soli 2009 mohi noyabr mo vaziri umuri dokhilaro peshnihod kardem ki dar shahri Dushanbe chunin kamerahora nasb mekunem ba mablagi 1 500 000$ va kharojotro baze missiyahoi khorijii Dushanbe ba uhda girifta budand ammo onho rozi nashudand mo holo ham tayorem ba mablagi nochiz hamin kamerahoe ki Huawei peshnihod kardaast dar rohhoi Dushanbeshahr nasb kunem na 25 000 000 balki bo 2 500 000$.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Танҳо аз бучети Тоҷикистон 1,1млн $ ҷудо мешавад тамом. Боқимонда сума давлаи Чин месупрад ҳамчун кредит. Ин ба пастшавии буҷети ҷумҳурӣ намеорад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Наход нархи як камера ба 25000 доллар расад. Шумо ахмакен е касе мехохад сум коркунад. Хех чи хел ки мефорад шон давлата тов дода гаштестан. Як руз худованди муттаол хаон 25000 ро аз биниаш мебурора.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
АЗ ДИГАР ДАВЛАТХОИ ДУНЁ БА МОНАНДИ ЧУГИ МЕТАЛБЕМ ВА ОН ПУЛХОИ ТАЛБИДАГИРО ДАР ЯК ЧИЗХОИ КОРНОШОЯМ САРФ МЕКУНЕМ. РАХМАТ БАРОИ ОКИЛОНА ВА ХИРАДМАНДОНА ФИКР КАРДАНИ РАИСИ ЧУМХУРИ ТОЧИКИСТОН ОФАРИН...
Посух додан
  • Бадахшон

  • 19 июл 2013 15:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
22 млн $ ро Чумхурии Чин тарики карзи дарозмухлат медихад... охир ягон майда дарозмухлат нест., хамин сол карз медихаду баъди 5 сол карзашро металабад... Баъд пул нпёфта заминхои тобеъи ВМКБ ро ба Хитой бачойт карз медихад....о шумо наход камераро аз хоки Ватан бузургтар шумурда, хоки Ватанро фурухта камера мехаред..... хайфи шумобарин хукуматдорон.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз Хукумати Россия ёд гирифтан. Эй "Вакилони парлумон" ЧТ онкадар бой нест, ки ин маблагхоро дар чои даромаднок сарф кард. Аз нигохи иктисоди ин кадар маблагро дар чои даромаднок (заводхои хурд, фабрика....ашёи хом пурай дар ЧТ) сарф кунен 4-5 сол пас ду маротиб зиёд мегардад ин маблаг ва чандин одамон чои кор меёбанд. Ман аник медонам, ки дар апарати ПЧТ ягон иктисодчии нагз кор намекунад, агар кор мекард инкадар харчхои бемаврид намешуд....

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!