Бахшҳо

Ба зиёрати Байтулмуқаддас биравем, ё наравем?

Рӯзи 28-уми марти соли ҷорӣ дар фурудгоҳи Душанбе бо ҷамъе аз пирамардон ва пиразанон, ки аз бист нафар иборат буданд, аз зиёрати Масҷид-ул-ақсо баргаштанд. Дар ин сафар ҳар шахс 2400 доллар сарф кардаанд. Ҷамъулҷамъ -- 48 ҳазор доллар.

Ҷои баҳс нест, ки Байт-ул-муқаддас дар қомуси шариати мо ҳамчун макони муқаддас шинохта мешавад. Дар Қуръон сурае бо номи “Исроъ” номгузорӣ шудааст, ки маънояш “сайри шабона” мебошад. Худованд дар ояи аввали сураи “Исроъ” гуфтааст: “Пок аст, он зоте, ки сайр дод бандаи худро шабона аз Масҷид-ул-ҳаром (ки дар Макка ҷойгир аст) ба сӯйи Масҷид-ул-ақсо (ки дар Фаластин ҷойгир аст), он маконе, ки мо дар атрофи он баракот додаем, то намоиш бидиҳем барояш баъзе аз далоили азамати худро. Дар ҳақиқат ӯ (таоло) шунаво ва биност” (Сураи Исроъ, ояи 1, Тафсири “Ал-Васит”-и Сайид Тантовӣ, 1/2588,2589)

Ба ҷуз ин, дар чандин ояҳои Қуръон ба муқаддас ва муборак будани ин макон ишора шудааст. Ниг: Сураи Аъроф, 137; Анбиё, 71; Анбиё, 81; Сабаъ, 18; Соффот, 113; Моида, 21.

Инчунин донишмандон дар гузашта оид ба фазилати Байт-ул-муқаддас, китобҳои алоҳида таълиф кардаанд. Барои намуна метавон китоби “Фазоилу Байт-ил-мақдис”-и Зиёу-д-дин Муҳаммад ибни Абдулвоҳид ибни Аҳмади мақдисии ҳанбали (569-643)-ро ном бурд. Шоистаи ёдоварист, ки Паёмбар (с) вақте ба Мадинаи мунаввара қадам гузоштанд, аз ҷониби Худованд фармон гирифтанд, то дар намозҳо ба самти Байт-ул-мақдис рӯй биёранд. Бо ҳамин Паёмбар (с) якчанд моҳ ба самти он намоз гузориданд. Ниг: Аллома Ибни Касир; Тафсири Қуръони азим; 1/391 бо нақл аз Ибни Аббос (р).

Аз Барроъ ибни Озиб (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) шонздаҳ ё ҳабдаҳ моҳ ба самти Байт-ул-мақдис намоз гузориданд ва доим дар орзӯи он буданд, ки рӯзе фаро расад, то ба самти Каъба намоз гузоранд. Ниг: Аллома Ибни Касир; 1/453, имом Қуртубӣ; 2/158

Ба зиёрат наравед!

Сиёсати имрӯзаи пешгирифтаи режими Изроил дар робита ба таомулаш бо кишварҳои исломӣ, хусусан муносибаташ бо мардуми ситамдидаи Фаластин, назари донишмандонро оид ба зиёрати ин макони муқаддас тағйир дод. Яке аз мутафаккирони арабӣ, узви иттиҳоди ҷаҳонии олами ислом, таҳлилгари сиёсии шабакаи “Ал-Ҷазира”, Мунир Шафиқ таъкид кардааст, ки аҳли Фаластин ва Байт-ул-муқаддас ҳуқуқи ба таври озод зиёрат намудани Масҷид-ул-ақсоро надоранд. (Сомонаи доктор Юсуфи Қарзовӣ: www.garadawi.net)

Мутобиқи муқаррароти кишвари ишғолгари Изроил, шаҳрвандони Фаластин, ки берун аз хоки ин сарзамин зиндагӣ мекунанд ё фаластиниҳое, ки синну солаш ҳанӯз ба чил нарасида аст, ҳаққи зиёрати “Масҷид-ул-ақсо”-ро надоранд. Шайх Роид Салоҳ, роҳбари Ҳаракати исломӣ дар Фаластин, ки бо номи “Шайхи Ақсо” машҳур аст, тибқи муқаррароти давлати ишғолгари яҳудӣ ҳақ надорад, ки ба зиёрати ин макони муқаддас биравад. Зеро ӯ ҳамеша нисбати зулму истибдодгарии ин кишвар садо баланд мекунад ва ин амал ба “табъи нозуки” ишғолгарон хуш намеояд.

Бо назардошти вазъи феълии кишвари Фаластин ва мардуми мазлуми он, донишмандони озодандеши муосир, минҷумла, раиси иттиҳоди ҷаҳонии уламои ислом, шайх Юсуф Қарзовӣ, собиқ ректори донишгоҳи Азҳар, доктор Аҳмад Умар Ҳошим, тамоми аъзои робитаи уламои Фаластин, зиёрати Масҷид-ул-ақсоро то замоне ки зери ишғоли режими Изроил қарор дорад, мамнӯъ медонанд.

Собиқ шайхи Азҳари шариф, шодравон Сайид Тантовӣ низ дар ибтидо ба ҳамин андеша буд ва ҳатто мегуфт, ки то Фаластин ба пуррагӣ аз зери дасти ин режим озод нашавад, ман ба зиёрати Масҷид-ул-ақсо намеравам. Вале солҳои охири фаъолияти худ шайхи Азҳар бо сабабҳои дар зоҳир номаълум, аз раъйи худ баргашт ва зиёрати Байт-ул-муқаддасро таъйид намуд. Вазири вақти Авқофи Миср, доктор Ҳамдӣ Зақзуқ низ аз ин назари ахири шайхи Азҳар хуш истиқбол намуда, зиёрати ин макони муқаддасро раво донист. Ҳамин буд, ки мутафаккири машҳури арабии фаластиниасл, Мунир Шафиқ соли сипаришуда фатвои вазири Авқофи Мисрро бо лаҳни хеле тунд рад намуд. (Сомонаи доктор Юсуфи Қарзовӣ: www.garadawi.net)

Яке аз муборизтарин ва пешгомтарин шахс дар ин майдон, шайх Юсуф Қарзовӣ мебошад. Номбурда аз аввалин донишмандоне аст, ки дар бораи мамнӯъ будани зиёрати Байт-ул-муқаддас дар вазъи феълӣ, тақрибан даҳ сол пештар дар китоби “Фатовои муосир”-аш фатво содир намуд.

Ӯ назари худро болои чунин далоил асоснок намуда аст:

1. Ислом барои мусалмонон дар ҳолатҳои сахтӣ, истифода аз силоҳи қатъи робитаро ба ҳама навъҳояш, аз қабили қатъи робитаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, воҷиб гардонида аст.

2. Таомули мо бо душманон (манзур режими Изроил аст) чунин зиёнҳоро дар бар мегирад: қувват додани камари душманон, мустаҳкам намудани пояҳои иқтисодии онҳо, идома ёфтани таҷовузкории душманон алайҳи мо. Илова ба он фоидаҳои моддӣ ва маънавие, ки онҳо аз ин зиёрат ба даст меоранд. Ин ҳам як навъе аз ҳамкорӣ бо душманон аст, ки бе шубҳа чунин ҳамкорӣ шаръан ҳаром аст. “Ва дар корҳои нек ва тақво бо ҳам ҳамкорӣ кунед ва дар корҳои маъсият ва таҷовузкорӣ ҳамдигарро кӯмак накунед.” Сураи Моида, 2.

3. Таомул бо душманони ишғолгар, ба ин тартиб, ки онҳоро дар диёри худ истиқбол гирем ва ба кишварашон сафар намоем, рафта-рафта, обу ранги оддӣ мегирад, таомуламон бо онҳо табиӣ мегардад ва ҳама таҷовузкории онҳо фаромӯш мешавад. Худованд фармуда аст: “Эй мӯминон, душмани ман ва душмани худатонро дӯст нагиред.” Сураи Мумтаҳина, ояи 1.Ишғолгарони яҳудӣ на танҳо табиӣ гаштани таомули иқтисодиро бо мо мехоҳанд, балки мақсадашон ин аст, ки ҳама навъи таомул-иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва таомули динӣ, ки хатарноктарин навъи он аст-ранги табииро ба худ касб кунад.

4. Доду гирифти мо бо саҳюнистон бидуни ягон шарту қайду банд, зарарҳои ниҳоят хатрнокро ба бор меорад ва ҷомеаи исломиамонро бо нашри фасод, амалҳои разила, бебандуборие, ки худашон дар асоси он тарбият ёфтаанд ва дар ин роҳ “устоди забардаст” ва мудири он гаштаанд, зери хатар мегузорад.

Шайх Қарзовӣ дар идома чунин овардааст: “Дар асоси ин далоили зикрёфта ман ба ин боварам, ки сафар ё саёҳат ба давлати ишғолгари Изроил, барои касоне, ки аз аҳли Фаластин нестанд, шаръан ҳаром аст, агарчи худи зоирон номи ин сафарашонро “Саёҳати динӣ” ё “Зиёрати Масҷид-ул-ақсо” ҳам номгузорӣ кунанд. (Сомонаи расмии шайх Қарзовӣ: www.garadawi.net)

Тарзи таомули мо дар муносибат ба зиёрати ин макон бояд ба таомули ҳазрати Усмон (р) монанд бошад. Вақте соли шашуми ҳиҷрӣ мушрикони Макка Паёмбар (с)-ро аз зиёрати хонаи Каъба манъ карданд, вале ба Усмон пешниҳод карданд, ки агар майл дошта бошад, худаш хонаи Худоро зиёрат кунад. Ҳазрати Усмон ин пешниҳодро рад намуд ва гуфт, ки то Расули Худо ин хонаро зиёрат накунанд, ман ҳаргиз дар атрофи он тавоф намекунам. Ниг: Сафий-ур-раҳмони Муборакфурӣ, Ар-раҳиқ-ул-махтум, сафҳаи 302.

Хулосаи мазҳабӣ

Мусалмонон нисбат ба тақдири якдигар бетараф будан наметавонанд. Ин гуфта ба ҳама мусалмонҳои гузашта чун офтоб равшан буд. Зайну-д-дин Иброҳим ибни Нуҷайм, маъруф ба Ибни Нуҷайми мисрӣ дар китоби “Баҳру-р-роиқ-шарҳи Канзу-д-дақоиқ”-аш оварда аст: “Дар фатовои Базозия овардаанд, ки агар зани мусалмоне дар машриқзамин ба дасти душманон асир афтид, барои тамоми мусалмонони мағрибзамин воҷиб аст, ки барои озодии кӯшиш кунанд, то он замоне, ки он зан ба дор-ул-ҳарб (кишваре, ки бо мусалмонон дар ҳоли ҷанг аст) надаромада бошад. Зеро тамоми манотиқи кишварҳои исломӣ, як минтақа ҳисобида мешавад.” Ниг: Ҳамон манбаъ, 13/290

Абдуллоҳи Оқилзода
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)