Бахшҳо
12 апр 2013 10:28Тоҷикистон / Сиёсат

Ҷони мардум ба лаб омад?

Ҳумайрои БАХТИЁР

6-уми апрел гурӯҳе аз сокинони Душанбе, ки аксарашон ҷавон буданд, ба нишони эътироз дар назди бинои сафорати Амрико ва дафтари Созмони Милал дар Душанбе гирди ҳам омаданд. Тазоҳургарон талаб доштанд, ки нахуствазири пешини Тоҷикистон, ки аз боздоштгоҳе дар Киев озод шуда буд, ба Душанбе фиристода шавад.

Эътирозгарон мегуфтанд, бинобар сабаби даст доштани Абдулмалик Абдуллоҷонов дар чанд ҷинояти вазнин, аз ҷумла дар ҳамкорӣ бо полковники шӯришгар Маҳмуд Худойбердиев ва куштор масъулини ҳукумати Амрико ӯро бояд ба Тоҷикистон истирдод кунанд. Ҳамоиши мардум дар ду минтақаи Душанбе ва ин ҳам дар як рӯзу бо як даъво хабари ғайриоддӣ буд. Албатта, баргузории тазоҳурот ва бо чунин дархост бояд, ки аз ҷониби ҷомеа ҳамчун як падидаи мусбат қабул карда мешуд. Аммо ин гирдиҳамоӣ саволҳои зиёдеро ба вуҷуд овард, ки кас ба худҷӯш будани он шубҳа мекунад.

Чаро пулис зуд чора наандешид?

Чӣ шуда, ки якбора гурӯҳи шаҳрвандон ва он ҳам занону ҷавонон ба хотири таслими Абдулмалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешин ва номзад ба мақоми президентӣ дар соли 1994 ҳамакнун садо баланд карданд? Дар кишваре, ки мақомот аз баргузории ҳама гуна намоишҳои эътирозӣ ҳазар доранд, чаро барои пароканда кардани эътирозгарон чораҳои «фаврӣ» наандешиданд? Дуруст, ҳамоиши мазкур дер давом накард. Вале худи ҳамин ҳодисаи ҷамъ шудани мардумро бо аксу ҳар гуна шиорҳо дар шаҳри Душанбе ва он ҳам бидуни иҷозаи расмӣ, ки кормандони амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқ онро зуд ба инобат нагирифтаанд, тааҷҷубовар аст. Чунки дар хиёбонҳои марказӣ, ба хусус дар назди сафорати Амрико кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳамеша фаъол буда, дар оддитарин ҳолатҳои ҷамъшавии мардум, зуд дахолат мекунанд.

Баргардем ба масъалаи талоши мардум барои барқарор кардани адолати додгоҳӣ. Тибқи иттилоъ тазоҳуркунандагон танҳо як дархост доштанд, ин баргардонидани Абдуллоҷонов ба хотири барқарор кардани адолати додгоҳӣ буд. Дар наворҳо занон даъво аз он доштанд, ки чаро Абдуллоҷоновро ба Тоҷикистон, ки кишвари мустақил ҳаст, таслим накарданд. Дар ҷавоб ба суол, ки чаро занону ҷавонон маҳз дар назди бинои сафорати Амрико ва СММ ҷамъ шуданд, як зани тоҷик бо тааҷҷуб мепурсад, ки чаро ҳангоми боздошт ва раҳо кардани Абдуллоҷонов ҷомеаи байналмиллалӣ мавқеи мақомоти тоҷикро ба инобат нагирифт? Занон аз он мегуфтанд, ки назди сафири Амрико дар Тоҷикистон танҳо ба хотири маслиҳат омада, онҳо қасди барпо кардани ҷангеро надоранд. Дар ҳамин лаҳза зани дигар даъво мекунад, ки ин Абдуллоҷонов хостори такрори ҷанг дар Тоҷикистон буда, нигаронии эшон ҳам танҳо аз ҳамин аст. Аз пурсиши бо роҳнамоии кӣ ҷамъ шудан дар назди сафорат, занон якбора садо баланд мекунанд, ки ин як ҳамоиши худҷӯш буда, онро бо хости худ ташкил кардаанду паси парда нафаре ё гурӯҳе қарор надорад.

Тазоҳуроти довталабона ва воқеияти кишвари мо

Шунидани ин ҳарфҳову дидани чунин ҳамоише барои ҷомеаи Тоҷикистон тааҷҷубовар аст. Барои ҷомеае, ки мушкилоти аз ин ҷиддӣ ҷой дошта, садҳо сабаби дигар барои рехтани мардум ба хиёбонҳо вуҷуд дорад. Чӣ гуна метавон ба довталабона будани ин эътироз бовар кард, вақте барои барқарор кардани адолат дар бахшҳои дигар мардум чунин талош надоранд. Чаро вақте ҳукумат қарорҳои зидди мардумӣ роҳандозӣ мекунад, ҷомеа аз он оташин шуда, барои риояи адолат дар паси дарҳои мақомоти давлатӣ гирдиҳам намеоянд?

Рӯшанфикрон ва коршиносон дар ҳар сӯҳбати худ ишора ба сабри мардуми тоҷик мекунанд. Аммо аҷиб аст, ки ин косаи сабр якбора ба хотири таслим накардани Абдулмалик Абдуллоҷонов лабрез шуд. Чунки ҳолатҳои эҳтимоли ба хиёбон баромадани мардум бо нишони эътироз дар ҷомеаи мо кам набуданд. Инҷо чанде аз чунин ҳаводисро номбар мекунем:

1) Шуруъ мекунем аз мушкилоти таъмини мардум бо барқ. Бештар аз 10 сол мешавад, ки мардуми тоҷик танҳо дар рӯзҳои гармӣ комилан бо барқ таъмин буда, шаш моҳи тирамоҳу зимистон бебарқанд.

2) IRS. Бештар аз се сол мешавад, ки ширкати мазкур дар роҳи Душанбе – Варзоб фаъолият дорад. Се сол аст, ки мардум аз пардохти маблағ ба ширкати IRS шикоят доранд. Гузашта аз ин, гурӯҳе аз ҳуқуқшиносон ва коршиносон ҳам мегӯянд, дар ҳолати мавҷуд набудани роҳи алтернативӣ ба роҳ мондани роҳи пулакӣ ғайриқонунӣ мебошад. Аммо парлумони Тоҷикистон на танҳо ба ин ширкат иҷозаи фаъолият дод, балки IRS аз чанд имтиёзи давлатӣ низ бархӯрдор гардид. Чанд бор мардуми Варзоб аз пулакӣ гардидани роҳ эътироз карданд.

3) Якбора сад дарсад гарон шудани роҳкиро ва нархи ғизо дар соли 2011 боиси нигаронии шаҳрвандон гардид. Бояд тазаккур дод, ки бо гароншавии роҳкиро ва озуқа моҳонаи шаҳрвандон бетағйир монда буд. Ин амал боиси нигаронӣ гардида, гурӯҳе аз коршиносон бар ин назар буданд, ки дар сурати эътирози мардум ин қарор лағв хоҳад шуд.

4) Анҷоми амалиёти низомӣ дар манотиқи Тоҷикистон низ боиси нигаронии мардум шуд. Амалиёти низомӣ дар манотиқи Ғарм ва Бадахшон далели ин гуфтаҳост. Агарчӣ аз роҳандозии ин амалиёт сокинони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ ва Вашингтону Маскав эътироз карданд.

5) Давоми чанд соли охир илова бар мушкилоти иқтисодӣ масъулини ҳукумат дар талоши эҷоди маҳдудиятҳои мазҳабӣ низ ҳастанд. Манъи ибодат дар ҷойи кор ва муассисаҳои таълимӣ, ба бар кардани либоси суннативу гузоштани риш ва чанд мушкили ба ин монанд дар чанд соли қабл баҳсҳоеро ба вуҷуд овард. Аммо мардуми тоҷик ба ин ҳам таҳаммул карда, ба хотири дифоъ аз манфиатҳои мазҳабиашон ба хиёбон набаромаданд.

Ҳамзамон масоиле ба монанди боло бурдани андоз ва дар ин баробар ҳимоя нагардидани манфиатҳои соҳибкорон низ яке аз мавзӯи доғ барои ҷомеаи мо мебошад. Муҳоҷирати меҳнатӣ, қурбони бозиҳои сиёсӣ гардидани муҳоҷирон, ба ихтиёри Хитой гузоштани қисме аз замин, ҳимоя нагардидани ҳифзи ҳуқуқ, обхезиҳо ва бе манзил мондани мардум низ аз он мавзӯоте мебошад, ки гуфта мешуд, эҳтимол мардумро ба хиёбон барорад. Мушоҳидаҳо ҳокӣ аз он аст, ки мардум дар баробари ин мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ таҳамулро ихтиёр карданд. Ҳарчанд шикояти мардум аз ҷорӣ кардани маҳдудияти барқ кам нест, аммо то имрӯз ин мушкил сабаб нашудааст, ки мардум даст ба эътирози оммавӣ бизананд.

Ҳимоя нагардидани амният ва ҳуқуқи шаҳрвандон барои ҷомеаи Тоҷикистон албатта ҳеч иттилои тозае нест. Аммо марги ваҳшатнок ва ҳамзамон «номуаяйни» Ҳамза Икромзода дар соли гузашта боиси баҳсҳои зиёд гардид, ки то ба ҳол идома дорад. Нопадид гардидани ду духтараки 4-5 сола дар Душанбе ва оҷиз будани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои пайдо кардани онҳо давоми тақрибан 20 рӯз метавонист омили ба хиёбон баромадани мардум бошад. Вақте мардум ба хотири манфиати мазҳабӣ, иҷтимоӣ, ҳифзи амнияти худ ва фарзандонаш даст ба эътироз намезанад, чӣ гуна метавон бовар кард, ки имрӯз гурӯҳе аз шаҳрвандон ба хотири риояи адолат ҷуръати барпои эътироз дар назди сафорати Амрико ва маъмурияти СММ кардаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки онҳое низ барои ба миён омадани ин ҳама мушкилот масъуланд, дар Душанбе роҳат кору фаъолият доранд.

Нуктаи дигаре, ки касро ба тааҷҷуб меорад, он аст, ки аксари иштирокдорони ин намоиши эътирозӣ ҷавононе буданд, ки ба эҳтимоли зиёд аз кӣ будани Абдуллоҷонов огоҳ нестанд. Далели ин гуфтаҳо посухи ҷавонони тоҷик дар бисёре аз пурсишҳои сотсиологӣ аст, ки аксаран ҳеч огоҳие дар мавриди равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ надоранд.
Мӯҳр
Пас биёед боз аз сари нав дар майдонхо чамъ шавему аз нав сарваронро иваз кунем.Рахмон хам бо Достиев ва дигарон бо созишгари бо командирхои сахроии фронти халки,аз кабили "полковникхо" ву "генерал"хо ба сари кудрат омаданд.Ки исбот кардааст,ки Абдуллочонов бо собик комбриг ягон созише карда бошад?.Ин чавонони бекорхуча,аз кучо медонанд,ки Абдуллочонов ки буд?Аз афташ ин хамон гунчишкбачахое хастанд,ки аз зери канотхои ХХДТ гох-гох мебароянду боз пинхон мешаванд."Репетиция"хо менамоянд.Рафтаву Рахмон дар интихоботи оянда бой дихад,ин чавонон ба майдонхо мебароянд,барои химояи "чаноби оли".Як сухани Абдуллочонов хеч гох аз ёдам намеравад.Вакте ки куввахои оппозиция дар кухистон бори аввал дар як задухурд бо фронти халки дастболо шуданд,Абдуллочонов инро шунида,чунин гуфт:"Эъ,ачоиб ку,оппозиция хам чанг карда метавонистааст,ми?".Ин маънои онро дошт,ки у аз чангу зуровари дур буд.Бас аст акнун думболагирии дигарон,аз думболи худ доред,сохибватанону сохибмансабон!.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)