Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:22

"Тотал" нафту гази Тоҷикистонро фаровон гуфт

12 апрел 2013, 10:30

Ширкати "Тотал", аз калонтарин истихроҷкунандагони нафту газ дар ҷаҳон, ки ахиран аз ҷониби ширкати “Тетис” барои барои омӯзиш ва истихроҷи ин манобеи нерӯ дар вилояти Хатлон ҷалб гардид, бахши нафту газро дар Тоҷикистон ояндадор арзёбӣ кардааст.

Ин нукта дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ноиби аввали президенти ширкати Тотал, Майкл Боррел таъкид шудааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, “Тотал” тасмим дорад, дар ҳамкорӣ бо Ширкати миллии нафтии Чин (CNPC) ва ширкати Тетис петролиум, захираҳои нафту газ дар ҳавзаи Бохтар ё худ Амударё, ки майдони 35 ҳазор километри мураббаи қисмати ҷанубу ғарби вилояти Хатлонро дар бар мегирад, корҳои омӯзишию пармакунӣ гузаронад. Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, ин ширкатҳо муътақиданд, ки дар ҷануби Тоҷикистон захираҳои хеле фаровони нафту газ мавҷуд аст ва мавриди истихроҷу коркард ва содирот қарор гирифтани он иқтисоди Тоҷикистон пеш рафта, ҳазорон ҷойҳои нави корӣ муҳайё мешаванд. Ин шарикони сегона дар ояндаи наздик барои идомаи корҳои омӯзишӣ ва оғози пармасозӣ 80 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карданианд.

Қаблан ”Тетис Петролиум” гуфт, захираҳои ҳавзаи Бохтар 3.22 триллион метри мукааб газ ва 8.5 миллиард барел нафтро дар бар мегирад. Ширкатҳои нафту газ ният доранд, аз ҳисоби истихроҷи захираҳои Тоҷикистон талаботи дохилиро қонеъ карда, ба Афғонистон, Покистон, Қирғизистон ва Чин маҳсулот содир намоянд.

Айни ҳол Тоҷикистон дар бахши нафту газ пойбанди Русия ва Узбакистон буда, маҳсулоти нафтӣ асосан аз Русия ва газ то аввали соли равон аз Узбакистон ворид мешуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!