Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:08

Санаи таваллуд 20-уми апрели 1973? ҲНИТ ба Шумо туҳфа медиҳад!

12 апрел 2013, 10:43

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, дар ҷашни 40-солагии худ ба ҳамсолонаш тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намояд.

Тавре сомонаи расмии ҲНИТ, nahzat.tj, иттилоъ медиҳад, ситоди баргузории ин ҷашн аз тамоми шаҳрвандони кишвар, ки рӯзи 20-уми апрели соли 1973 ба дунё омадаанд, даъват менамояд, то дар маҳфили қуръапартоӣ барои гирифтани ҷоизаи хотиравӣ, ки 27-уми апрел дар қароргоҳи марказии ҲНИТ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштирок намоянд.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳамаи нафарон, новобаста аз ҷинс, миллат ва дин, ки мехоҳанд дар ин қуръапартоӣ ширкат намоянд, бояд нусхаи шиносномаи худро то 20-уми апрели соли ҷорӣ ба Ситоди ҷашнии ҲНИТ, дар қароргоҳи марказии ҳизб пешниҳод намоянд. Гуфта мешавад, нафаре, ки дар ин қуръапартоӣ ғолиб ояд, мукофоти қиматбаҳои ҷашнии ҳизб ба даст хоҳад овард. Аммо тамоми иштирокчиён низ бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мехоҳад, 27-уми апрели соли ҷорӣ 40-солагии худро ҷашн бигирад, ки ба гуфтаи Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи ҳизб, ба ин ҷашн меҳмонон аз кишварҳои хориҷ низ даъват шудаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
оре садака аз мол хечизро кам намекунад гуфтаан пайгамбар с а в.ХУДО БАРОЯТОН ИН САДАКАХОТОНРО ЧАНДБАРОБАР ЗИЕД КАРДА ТИЯД .ОМИН.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ассалому алайкум бародарони аъзои ҳизби наҳзат ин рузи дар пеш бударо ба ҳамаи шумо якояк табрик мегуям ва хоҳиш дорам ҳамма омодагиҳоро хуб ба роҳ монед накунад ба мисли гузашта мушкиле пеш ояд.
Дар гузаштаи наздик дар як ҷамомад барқро хомуш карда буданд шумо ва мардуми дар толор буда аз набудани барқ нороҳат шуда буданд зеро бидуни барқ наметавонед ба мардум барномаҳои худатонро пешкаш кунед. Аз ҳамин хотир аз масулини ҳизб хоҳиш дорам ба фикри ин тарафи мавзуъ бошанд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!