Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 23:00

Рӯзҳои Бадахшон дар «Боғи Ирам»-и пойтахт ҷараён мегиранд

8 июл 2011, 04:05

Шурӯъ аз 16-уми апрели соли равон, бар асоси қарори марбутаи ҳукумати шаҳри Душанбе аз 11-уми марти соли 2011, рӯзҳои истироҳат дар боғҳои пойтахт шаҳру навоҳии мухталифи Тоҷикистон рӯзҳои фарҳангиашонро баргузор мекунанд.


Тибқи иттилои Шавкат Сайидов, сухангӯи мири пойтахт, дар пояи қарори 162 ва ба истиқболи 20-солагии ҷашни истиқлоли миллӣ, аз он вақт то имрӯз 30-шаҳру ноҳияи Тоҷикистон рӯзҳои фарҳангии минтақаашонро дар боғҳои «Дўстии Халқҳо»,  «Садриддин Айнӣ», майдони «800-солагии Москва» ва гулгашти ба номи Александр Мироненко доир карда, дастовардҳои меҳнатӣ ва фарҳангии худро ба маърази тамоши сокинони пойтахт гузоштаанд

Манбаъ афзуд, фардо 9-уми июл, тибқи нақшаи шаҳрдорӣ рӯзҳои вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар «Боғи Ирам» (собиқ боғиботаникӣ),  шаҳри Қӯрғонтеппа дар боғи «Дӯстии Ҳалқҳо»  ва Табошар дар гулгашти ба номи Александр Мироненко дар соати 8-и субҳ оғоз мегарданд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!