Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 20:56

Даргирии тоҷикону қафқозиҳо бо марги як нафар анҷом шуд (ВИДЕО)

12 апрел 2013, 12:47

Дар пайи даргирии як гуруҳ тоҷикону қафқозиҳо дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия як нафар ба ҳалокат расидааст.

Тавре расонаҳои русӣ менависанд, даргирии тоҷикону қафқозиҳо дар хиёбони Маскави Санкт-Петербург, бо иштироки ҳудуди 10 нафар рух додааст, ки дар натиҷа аз зарби корд зодаи 33-солаи Қафқоз ҷон бохтааст.

Андрей Лавренко, муфаттиши қазия ба хабарнигорон гуфтааст, “айни ҳол чанд иштирокчии эҳтимолии ин даргирӣ боздошт шудаанд ва амалиёти густурда идома дорад.” Тибқи хабарҳои охирин, мақомоти рус рейди махсус роҳандозӣ карда, 378 нафарро дар наздикиҳои даргирӣ боздошт намудаанд. Тафтишот омилҳои сар задани ин қазияро ба фаъолияти бозор дар минтақаи Сенаи Санкт Петербург рабт медиҳад. Тоҷикон дар ин бозор тоҷир ва қафқозиҳо ҳамчун муҳофиз кор кардаанд ва эҳтимол меравад, ки барои пул шуда ин баҳс сар задааст.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухочирони точик аз чон безор шудаанд.Дар тамоми Россия,хатто цыганхо хам акнун ба сари точикро зури мекунанд.Афсус,ки ибора,истилох ва калимаи "точик" дар Россия бисёр хам бадном садо медодаги шудааст.Хангоми аз назди бинои идораи андози шахри Сызрань гузаштанам,полисхоро дидам,ки аз бинои хадамоти худ,ки хамсояи идораи андози шахранд,чаккон ба мошини хизматии "Газель" савор шуданд.Онхо бо либосхои махсус:Бронижилету.куллохи махсус ва ярокхо мусаллах буданд.Полиси дигар,ки аз назди онхо мегузашт,аз онхо пурсид,ки кучо супориш гирифтаанд;"Куда вы ребята,на лед что ли?"(Максад,мохидоронро аз руи дарьёи Волга пеш кардан,яхшиканиву гаркшавиро дар назар дошт, бо шухи).Не гуфтанд,"по рынкам таджиков ловить",чавоб доданд.Хело аламовар аст,дар бозорхои шахр,мардуми озариву армани ва хитоихо хам савдо мекунанд,киргизу узбек хам,аз чи бошад,ки боз номи точикро куллан мегиранд.Ба точикон аз халкхои кафкози,факат чеченхо эътикод доранду халос,ишора ба эхтиром хам доранд.Озарихову арманихову догистонихо ва кабардину балкархову адыгейхо инчунин осетиягихо точиконро гохе бозича мешуморанд.Бинобар хамин на дар хама чо точик сар хам мекунад.Чунки аз чон безор шудаем.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба номи худованди бахшанда ва мехрубон
Ох мекашам ин суханхо кордест ба дилам мезанад.
Охир бародарон ин хмон милатест, аз сараш манора ва азхунаш дарйо сохтан аммо гум нашуд ва нахохад шуд. Ин милати Имоми Аъзам, Салмони Форс ва гайра... Салмони Форс ин хамонест, исломро садхо фарсанг пеш бурд. Имоми Аъзам бошад пас аз пайомбар (с) дунйои исломри орро медихад.
Пас худ хулоса бароред мо дар дили Чухуд чи кадар тири бузург задаем, онхо моро орром намегузоранд. Точикон ба пеш бо номи Оллох.....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хаммааш барои пул! Пул хело чизи ганда аст!
Посух додан
  • nodir

  • 16 апрел 2013 14:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
намедонам чи гуям.
Посух додан
  • Исломиддин

  • 17 апрел 2013 23:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман дар ин шахри гурбату гариб аз бахри чони худ гузаштаам, зеро ба гушам овозаи куштаи точик бисер мерасад аз руи бесохиб буданамон, ,маро чизи дигаре ором намегузорад.гамгинам ва ба фикр фуру мераваму худ бо худ мегуям ,фардо холи фарзандони мо хам чунин азобу машакат башад дар ин шахри Руссия. Ва то чанд мо токати шахри мардумро дорем Худовандо хамаи гарибонро дар панохат нигох дори ОМИН

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!