Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:27

Акси садо ба видеои “Озодагон”: Ронанда “ҷазо” гирифт

12 апрел 2013, 12:58

Алишер Мирзобадалов, ронандаи мусофирбари рақами давлатияш “8186 01 РТ” (хатсайри 33), барои вайрон кардани қарори шаҳрдори Душанбе се рӯз аз ҳаққи фаъолият дар хатсайраш маҳрум шудааст. Ин тасмимро маъмурияти “Автоколоннаи 2927” дар пайи нашри навори видеоие дар бораи нархи роҳкирои мусофирон дар хабаргузории “Озодагон” гирифтаанд.

Навори видео дар инҷост

Онҳо дар номае ба унвони “Озодагон” гуфтаанд, ронанда Мирзобадалов ҳамчунин барои рафтори номуносибаш бо мусофирон огоҳӣ гирифтааст. Дар идома гуфта шудааст, ки навори видеоии “Озодагон”-ро Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Душанбе ва Хадамоти танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёт низ баррасӣ дорад ва чораандешӣ хоҳад кард.

Рӯзи 11-уми апрел навори видеоие дар бораи нархи роҳкирои мусофирон дар Душанбе нашр шуд, ки вокуниши хонандагон ва мақомотро ба бор овард. Дар ин навори видеоӣ ронанда ба ҷои 1 сомониву 60 дирам аз мусофирон 2 сомонӣ талаб мекунад ва мегӯяд, ин мошини шахсии ӯст ва чи қадаре хоҳад мегирад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ана муносибат ба мизочу мана муносибат ба мичоз.... Хизматрасонии наклиёти шахри мисли хизмтарасонии лифти ГЖК асту дугу пуписаи ронандаро бин..., боз хайронам аз он ки чаро журналистон ба ин тахкири ронанда токат кардаву шикоят ба макомот набурдаанд... Чазо хам "ради галочки" будаст ку...
Вокеан, аз рафти кори лифти ГЖК хама журналистони Точикистон огоханду чаро касе наменависад.
Хамин наздики ба он чо рафтаму хостам ба ошёнаи 9 бароям, аммо баъди 2-3 бор аз 1-ум то ошёнаи болотарин бурда оварданаш истод ин лифт.... Ё тавба, магар ин ноомади кор буд барои ман ё журналистони точик харруз азоби ин лифтрог мекашида бошанд....
Посух додан
  • Умед

  • 12 апрел 2013 21:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин Озодагон !

Агар тамоми шахрвандон хамин гуна часурона хукукхояшонро мухофиза кунанд, сафи Паразитони ба мисли Мирзобадалов нест мешаванд !
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин хели дагалро чазояш чунин аст. Дар мошинаш асло нашинед, худаш баъд мусофир мешавад,яъне мошинашро аз камбагали мефурушад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"Алишер Мирзобадалов, ронандаи мусофирбари рақами давлатияш “8186 01 РТ” (хатсайри 33), барои вайрон кардани қарори шаҳрдори Душанбе се рӯз аз ҳаққи фаъолият дар хатсайраш маҳрум шудааст".Ачоиб!!!! Ин чазо тибки кадом конунгузори сурат гирифта бошад? Баъдан ичроиши онро ки назорат бурда бошад? Шояд худи ронанда ?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
gap nest !
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хахах ай хандара куштен . чазош 3-руз хаахахаха.... и журналиси озодагона кариб монда буд ки мезад... мехнаташа ба 3 руз шармандаги .. БАРОДАРИ ЖУРНАЛИСТ МАН БО ТУ ...... ихали шафёра мошинаша 6 мох бурда махкам кардан дар кор
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ронанда нохак аст, лекин чаро Шумо ба назар намегиред нархи сузишворихоро, ман шукри Аллох сохибкор мебошам мошини сабукрави шахсии худро дорам, баъзе рузхо бо наклиётхои мусофиркашони ба чои лозима меравам ва гуфтани хастам, ки гапхои бисёр кабеъ назанед, чаро сузишвори 7сомон арзиш дорад холо он ки дар давлатхои хамсоя 2-3 сомон мебошад. Мо хамчун шахсони "боакл" бояд харду тарафи тангаро бинем ва хулосаи худро барорем.
Посух додан
  • ОДАМ

  • 26 апрел 2013 16:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ничего против

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!