Бахшҳо
12 апр 2013 14:13Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Талоши ТВ-Сентр-и Русия барои намоиши симои воқеии тоҷикон

Роҳбарияти яке аз телевизионҳои маъруфи Русия -- ТВ Сентр барои сабти филми мустанад дар бораи муҳоҷирони тоҷик як ҳайати эҷодиро ба Душанбе фиристодааст.

Аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, ки роҳнамоии ин ҳайатро ба уҳда дорад, ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, ки синамогарони рус давоми 3 рӯз, аз 8-ум то 11-уми апрел, ҳаёти тоҷиконро дар Ватан инъикос кардаанд. Ба иттилои манбаъ, ин ҳайат боздиди худро аз хонаи Самандар Давлатов, сокини ноҳияи Варзоб ва падари ду муҳоҷири корӣ оғоз намуданд: «Тарзи пешвозгирии тоҷиконро аз дастшӯии меҳмонон ба навор гирифта, вориди хона шудем. Меҳмонон тарзи пӯхтани нонро дар танӯр ва омода кардани ғизоҳои миллӣ ба навор гирифтанд».

Манбаъ мегӯяд, зимни наворгирӣ ва мулоқот бо ин хонавода маълум гардид, ки ҳар сол аз ҳисоби меҳнати писаронаш ба буҷаи хона аз 5 то 10 ҳазор доллари амрикоӣ ворид мешавад: “Дар назди ҳавлӣ як хонаи дуошёна қомат рост намудааст, ки ин ҳама меҳнати фарзандонаш мебошад. Дар оянда нақша доранд, ки дар назди хонаи истиқоматии худ як ҷои истироҳат барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ ташкил намоянд. Аллакай баъзе корҳо дар ин самт иҷро гардидааст.”

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе филмбардорони рус, аз ҷараёни сафари муҳоҷирони тоҷик ба Федератсияи Русия, тарзи пур намудани корти муҳоҷират, гузаштан аз назди кормандони гумрук ва марзбонҳоро акс гирифтанд. Рӯзи 10-уми апрел дар вилояти Хатлон рафти кишти пахта, ҳолати бозорҳои марказии вилоятро наворбардорӣ намуда, бо чанд тан аз мардуми маҳаллӣ, ки ба наздикӣ азми Русия доранд, суҳбат кардаанд.

Масъулини Хадамоти муҳоҷират мегӯянд, ҳадаф аз ҳамкории хабарнигорони Русия, нишон додани симои дурусти муҷоҷир тавассути ВАО ба мардум ва мусоидат барои беҳдошти вазъи муҳоҷирони корӣ мебошад.
Мӯҳр
Хамин кадар солхо нисбати точикон тавссути ВАО и Россия суханхои хуб нашунидаам.Худоё худовандо,шояд,ки ин гурухи эчодии хабарнигорони "Россия-ТВ Центр",нисбати миллати мехмондусту соддаи мо таъриф хам ,ки накунанд,бад нагуянд.Боз нашавад,ки нону намаки мехмондустии моро чашида,ба намкдон туф накунанд.Аз русхо хар чизро интизор шудан мумкин.

Фархори
Уно кай таъриф карданд бо имруз мекунанд Худо худаш медонад чи максаду маром доранд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)