Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:33

Ҳамсари Қувватов: “Шавҳарам аз роҳи интихобкардааш пушаймон нест”

14 апрел 2013, 19:46

Қумрӣ Ҳафизова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов, ҳукми додгоҳи Дубайро дар бораи истирдоди шавҳараш ба Тоҷикистон ноодилона номид. Ӯ рӯзи якшанбе дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин ҳукм дар ҳоле эълон шуда, ки ҳамсараш дар толори додгоҳ ҳузур надошт.

Хонум Ҳафизова мегӯяд, бори охир Қувватовро рӯзи нуҳуми апрел дар мурофиаи додгоҳӣ дар Дубай дида, 14-уми апрел бо ӯ суҳбати телефонӣ кардааст. “Вақте шавҳарамро дидам, бо ман хайрухуш кард. Гуфт, шояд дигар набинем. Боз мегӯям, ки шавҳари ман бегуноҳ аст”,-афзуд ӯ.

Ҳамсари Қувватов мегӯяд, раҳбари созмони сиёсии “Гурӯҳи 24” барои халқ худро қурбон кардаву аз ин роҳи интихобкардааш ҳам пушаймон нест. Ӯ ба ҳамсараш гуфтааст, агар мардум ӯро бо некӣ ёд кунанд, барояш кофист. Қумрӣ Ҳафизова гуфт, “фахр мекунам, ки чунин шавҳар дорам! Ӯ мардонавор рафтор кард. Худро барои мардуми азияткашида қурбон кард. Фикри 5 фарзанди ноболиғашро накард. Хоҳиш мекунам, ки мардум дар ҳаққи шавҳари ман дуо нек кунанд.”

Мусоҳиби мо дар идома афзуд, бовар надорад, ки дар сурати истирдодаш ба Тоҷикистон, Умаралӣ Қувватов зинда бимонад. Аз ин пеш, бархе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Амнести Интернешнл аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ хоста буд, Қувватовро ба Тоҷикистон таслим накунад. Зеро ба бовари ин созмон раҳбари “Гурӯҳи 24”-ро дар Ватан ҳабси тӯлонӣ ва шиканҷа интизор аст.

Ҳакимов: Қазияи Қувватов кайҳо сиёсӣ шудааст

Ин дар ҳолест, ки Шокирҷони Ҳаким, доктори илми ҳуқуқ ва муовини раҳбари Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, дар сурати истирдод Умаралӣ Қувватовро ягон вакили дифоъ наметавонад ҳимоя кунад. Чаро ки ба гуфтаи ҳуқуқшиноси тоҷик, қазияи Қувватов кайҳо аз чорчӯби ҳуқуқ берун рафта ва сиёсӣ шудааст.

Ҷаноби Ҳакимов рӯзи 14-уми апрел дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “ҳукми додгоҳи шаҳри Дубай ниҳоӣ нест ва марҳилаҳои дигари додгоҳиро бояд интизор шуд.” Аммо ӯ мегӯяд, агар Умаралӣ Қувватовро воқеан ба Тоҷикистон истирдод намоянд, “бешубҳа нисбат ба вай меъёрҳои марбутаи Кодекси ҷиноии ҷумҳурии Тоҷикистонро татбиқ намуда, аз озодӣ маҳрум менамоянд. Ман гумон намекунам, ки вакилони мудофеъ дар шароити кунунии кишвар имконияти ҳимоя кардани ӯро дошта бошанд.”

Рӯзи якшанбе додгоҳи шаҳри Дубай ҳукм кард, ки роҳбари созмони сиёсии “Гуруҳи 24” Умаралӣ Қувватов ба Тоҷикистон истирдод шавад. Ҳоло дақиқ нест, ин ҳукм ба чӣ шакл ва дар кадом муддат иҷро хоҳад шуд. Бо ин ҳол, вакили мудофеи Қувватов гуфта, ки имкон дорад, аз болои ин ҳукм шикоят бурда, нафари таҳти ҳимояташро раҳо кунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • диловар дангараги

  • 14 апрел 2013 20:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
иншоАллох дуо мекнем ки хочи Умарро озод кунанд, дар хакикат дар муддати 20 сол як шердил баромаду хакикатро ба мардум исбот кард , аммо афсус мардуми мо ки бесавод аст хамеша афсонахои дуругини хукуматро бовар мекунанд баьди ин фикр мекунанд ки умарали дар хакикат каллоб асту дигару дигар, бузурге гуфтааст :шогирд агар одам шавад ,аз каштали устод мегирад, хамин маьнои онро дорад ки домоди чаноб шогирд буду умарали устод, ана имруз шогирд одами шуду каштали устодша гирифт(яьне хаму точирону фарозро кашида гирифт), хой мардум бийоед бас кунед ай ин дуругихои хукуматро бовар кардан, агар хукумат рост мегуфт хаму ваьдахое ки дода буд то соли 2009-ро ичро мекард, бин имруз 2013 , ку ягон ваьдаша ичро кард? Не свет .не пешрави не иктисодиет .не об, 2 млн одам гуломи русо ва гайрахо,
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аллох нигахбону мададгорад бошад ва оилаи шуморо Аллох дар хифзаш нигох дорад...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Умарали яккаву танхо ба мубориза бархост.Як чанговар дар майдон хеч аст.Аккалан шахрвандии Россияро кабул мекард.хедо бехавф мешуд.Гарчанде,ки у агар шахрванди Россия мешуд,албатта хукуки комил надошт,ки ба мукобили режими Рахмон аз Россия истода мубориза барад.лекин метавонист,ки хамчун химоягари хукуки инсон тавассути Институти байналмиллалии хукуку озодии инсон.ба режими Рахмон ва хукумати Точикистон.таъсирхои сиёси расонад.Афсус,ки ин тавр нашуд.Агар ба Аврупо рафта, панох мечуст,такдираш дигар хел мешуд.Абдуллочоновро махз Гарб ва Амрико начот дод.Чи илоч,худо нигохбонаш бод!.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
http://www.youtube.com/watch?v=zGynZs-BJBw

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!