Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 11:04

ФСБ хостори манъи вуруди қаторҳои тоҷик ба Русия шуд

15 апрел 2013, 17:42

Идораи марзбонии Хадамоти федералии амнияти Русия ё ФСБ пешниҳод кардааст, то замони бартараф шудани як қатор камбудҳои ҷиддие, ки дар қатор ё поездҳои Тоҷикистон ҷо доранд, вуруди онҳо ба қаламрави Русия манъ шавад.

Ин нуктаро Владимир Мочалов, муовини раиси марзбонони Хадамоти федералии амнияти Русия (ФСБ), рӯзи душанбеи 15-уми апрел, баъд аз як ҷаласаи сайёр дар истгоҳи роҳи оҳани Астрахан (Аштархон) изҳор доштааст.

Ӯ пешниҳод кардааст, “Вазорати нақлиёт якҷоя бо роҳҳои оҳани Русия ба Шӯрои Иттиҳоди давлатҳои мустақил санад дар бораи қатъи иртибот бо Тоҷикистон тавассути роҳи оҳанро пешниҳод намоянд.” Мочалов зарур донистааст, ин маҳдудият то бартараф кардани камбудҳои ошкоршуда мавриди амал қарор гирад.

Бар асоси иттилои хабаргузориҳои Русия, Дмитрий Рогозин, ноиби нахуствазири Русия ва Генаддий Онишенко, сардухтури санитарии Русия аз қаторҳои Тоҷикистон дидан карда, изҳор доштаанд, ки вазъи санитарии онҳо ба одитарин талаботи санитарӣ ҷавобгӯ нестанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
РОГОЗИНУ ОНИЩЕНКО КУРИ ХУДУ БИНОИ ДИГАРОНАНД.АВВАЛ ЯК БА МАХАЛХОИ АХОЛИНИШИНИ ДЕХОТИ РОССИЯ РАФТА ХАБАР ГИРАНД.ХОЛАТХОИ ИФЛОСИВУ САНИТАРИИ ОНЧОЙХО ТАБЪИ КАСРО МЕГИРАД.АЗ АФТАШ НАМЕДОНАНД,КИ ДАР БЕМОРХОНАХОИ ДЕХОТИ.КАЛЛАМУШХО КАСАЛИХОРО МЕГАЗАНД.АЗ ЗАРАРРАСОНИИ КАЛЛАМУШХО ДАР БЕМОРХОНАХО БА ДОД ОМАДААНД.ЛОЮ ЧАЛ ВА КУЧАХОИ ИФЛОСУ АХЛОТХОИ РУИ РОХХО ВА АТРОФИ ОНРО КУРАНД,КИ НАМЕБИНАНД.ПУТИН МАРДОНАВОР РОССИЯРО МАКОНИ АХЛОТУ АХЛОТТУДАХО НОМИД.ИН РОГОЗИНИ ТАЪРИХЧИИ ШАРМАНДАИ ТОЧИКБАДБИН ЯК БОР ТОЧИКИСТОН РАФТА,КУЧАХОИ ЯГОН НОХИЯИ ДУРДАСТИ ТОЧИКИСТОН ВА БЕМОРХОНАХОИ ДЕХОТИ ТОЧИКИСТОНРО БИНАД.БАЪД МЕФАХМАД.САДКАИ МО ТОЧИКОН ШАВЕД РОГОЗИН ВА ОНИЩЕНКО.ОНИЩЕНКО ХУДАШ БА НАШЪАМАНД МОНАНД АСТ.МАН МУХОЧИРИ КОРИАМ,ЛЕКИН ФАХМИШУ ИДРОКИ ХУДРО АЗ ХАМИН ДУ ТАНИ СИЁСАТМАДОР БОЛО МЕШУМОРАМ.ТАШВИШ ХАМ НЕСТАМ ВА ЭЪТИБОРЕ ХАМ БА ОНХО НАМЕДИХАМ.САРБАЛАНД БОШЕД.ТОЧИКИСТОНИХОИ АЗИЗ!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!