Бахшҳо

Аз муҳоҷират ба Тоҷикистон чӣ фоидаву чӣ зарар?

Дар ҳоли ҳозир беш аз як миллион сокини Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ доранд ва рӯзии худу хонаводаашонро аз он ҷо дармеёбанд. Хабарнигори “Озодагон” аз масъулону муҳоҷирон ва коршиносон пурсид, ки оё ин муҳоҷират чӣ фоидаву чӣ зараре ба дунбол хоҳад дошт?


Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ:
“Вақте аз деҳаи танг берун меравад, бо ҷаҳони нав шинос шуда ҷаҳонбинии муҳоҷир дигар мешавад. Ҳамчунин дар сафар ба мушкилоти зиёд дучор мешавад ва меҳру муҳаббаташ нисбат ба ватан афзоиш меёбад. Ин як, ва дувум ҳар нафаре, ки ба муҳоҷират меравад, агар як ҳунар дошта бошад, чандин ҳунари дигарро ҳам ёд мегирад ва бо ҳамин барои зиндагии ояндаи худ як заминаи беҳтаре фароҳам меорад. Сеюм, баъзе аз муҳоҷироне, ки мераванд, дар онҷо заминаи бизнеси худро меёбанд ва вақти бозгашт ба ватан онҳо захираҳое ҳастанд, ки метавонанд як кореро анҷом диҳанд ва барои ватанашон боз ҳам як хизмати хуберо анҷом бидиҳанд. Ин муҳоҷират шиддати иҷтимоиро дар Тоҷикистон камтар мекунаду муборизаи қувваҳои гуногун суст мешавад.”

Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷират:
“Муҳоҷирати корӣ бо худ судҳои калон дорад ва вақте ки муҳоҷирони дар кишвари қабулкунанда кору фаъолият мекунанд, табиист, ки интиқоли маблағҳо сурат мегирад. Ин маблағҳо дар буҷаи кишвар ҳам таъсири худро мегузорад. Вақте ин маблағҳо дар хонаводаҳо ворид мешавад, онҳо метавонанд барои рафъи эҳтиёҷоти худ, аз ҷумла таҳсили фарзандон, сохтани мағозаҳо ва бунгоҳҳои тиббӣ нақши басазое дошта бошад. Аз нигоҳи фарҳангӣ ҳам ҳангоми муҳоҷират табодули афкору таҷруба ва омӯзиши фарҳанг инчунин наздикшавии миллатҳову кишварҳо бо якдигар сурат мегирад. Муҳоҷир он дастовардҳоеро, ки аз ҳисоби фаъолияти худ меъморӣ, шаҳрсозӣ ё бунёди иншоотҳост, ба кишвари худ интиқол медиҳад.”

Алим Шерзамонов, масъули ҲУСДТ:
“Албатта дар ҳоли ҳозир муҳоҷирати корӣ вобаста ба тақсимоти байналмилалии меҳнат як амри воқеист ва хоҳем нахоҳем он боқӣ мемонад. Албатта, агар фоида ва зарари муҳоҷирати меҳнатии тоҷиконро дар паллаи тарозу гузорем, шояд аз фоидааш зарараш ба маротиб зиёд бошад. Имрӯз агар гӯем, ки аксарияти кулли аҳолии Тоҷикистон рӯзиашро аз ҳисоби маблағҳои воридкардаи муҳоҷирони меҳнатӣ мегузаронад, хато намекунем. Ғайр аз ин қурби асъори миллӣ гардиши пулу мол дар бозори дохилии Тоҷикистон ва дар ниҳояти кор суботи иҷтимоӣ низ аз маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ вобаст аст. Вале чун асосан муҳоҷирати мо ба Русия сурат мегирад ва иқтисодиёти ин кишвар пурра аз арзиши нафту газ дар бозори ҷаҳонӣ вобаста аст, чи иқтисодиёти Русия ва дар ниҳояти кор суботи Тоҷикистон метавонад дар ояндаи на чандон дур ба хатари ҷиддӣ мувоҷеҳ шавад.”

Иршод Сулаймонӣ, устоди Донишгоҳи миллӣ:
“Муҳоҷират, албатта, фоида ҳам дорад. Аммо дар дарозмуддат шояд зарараш аз фоидааш бештар шавад. Имрӯз агар аз як тараф кӯдакони мо дур аз тарбияи падар калон шаванд, аз ҷониби дигар ҷавонони мо аз муҳоҷират бо бемориҳои гуногун бармегарданд, ки ин ҷои нигаронӣ дорад. Гузашта аз ин, муҳоҷирони мо дар шароитҳои сахт кор ва зиндагӣ мекунанд, ки қабул намудани шароити бад, гардан фаровардан ба вазъи сангин инсонро аз пешравӣ боз медорад ва шахсро мутеу фармонбардор мекунад. Ғурури инсонро мешиканад.”
Мӯҳр
Маълумастки мухочирони мо дар кадом холат кор мекунанд ва хама чавону наврасаст ки дар хунукиву шароити пасти зиндаги бе ерии тибби ташхиси кор мекунанд ин гуна мухочират ба нестшавии милат оварда мерасонад боз баъзе коркунои давлат шарм надошта боз хубаст меган е касе сухане намекунад ки дар хар рейси хавопаймо груз 200 тобути мухочир равон мегардад агар хаминхел рафтан гирад милат намемонад як командаи сарвару хукматдорон мемонад ва хамаро фурухта хурда мегарданд ин шармандагист....

Баноми худованди бахшанда ва мехрубон.
Озодаго рахмат ба ту бо хамин хел одамони худо назар карда сухбатхоро зийод кун, оядаи давлатат ----- боз ба - меравад.
Хама як суханро мегуянд.
Э баноми аллох кор кунед.
Дарин хунуки дар хонахои бугин дар таги дасти як бе имон кор кардан хиси милии шахсро хазор чанд мекушад.
Агар Русия ба хама шахрванди тият дар Точикистон 15 йо 16 одам мемонад............. вой фишори хунам 100000 шуд ин маколаро хондам. Илтимос озодагон бо халк бош!!!

farruh
rahmati kalon, ustod Sulaymoni

Шам
Элементарний суханхо. Ягон гапи нав ё фикри тоза набуд.

чавон
Андешахоятонро хондам чанобон, андешаи устоди Донишгохи милли чандон ба хакикат наздик аст. Андешаи дигарон ба назарам бисёр пуч аст. Кани худ як бор ба чои он касоне, ки ру ба мухочират овардаанд, мухочир шуда мабалаг ба даст оред, баъд мефахмед, ки мухочири чист? Худ чиновники давлати шуда, бо осони дар бораи мухочир сухан рондан кори сахл аст.
Айни замон мухочират чумбиши чахони дорад. дар бисёр холатхо хамчун падидаи нав мусбат арзёби мегардад. АММО мухочрате, ки аз чониби шахрвандони Точикистон сурат мегирад, дар бисёр холат идоранашаванда аст. Ин заифии давлат аст, ки наметавонад мардумро ба чои кори арзанда таъмин намояд.
Максад аз мухочират пеш аз хама дарёфт намудани манзил ё чои коре, ки ба манфиати шахс бештар наздик аст. Яъне одамон ба хотири аз будашон шароити бехтар дарёфт кардан ру ба мухочират меоранд.
Шахсан 2 бародари ман дар Руссия кору фаъолият намуда, аз хисоби маблаги ба дастоварда зиндагии оилаи худро дар сатхи зарури таъмин мекунанд Хамаи шароити зиндагии худро таъмин кардаанд. Хона, мошин, .... Лекин онхо бисёр хунарманданд. Хуб мешуд, ки онхо хунари худро барои ободии ватани худ сарф мекарданд.
Ман худ дар кору бори давлатам ва аз руи маоши гирифтаам зиндагиамро мебарам. Шукр мекунам, ки дар Ватанам, вале афсус мехурам, ки 2 млн нафар ахолии мо дар гариби хамчун мухочири мехнати кор мекунанду азият мекашанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)