Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 08:04

Бекназаров ба парлумони қирғиз то 24-уми апрел муҳлат дод

16 апрел 2013, 10:27

Азимбек Бекназаров, собиқ додситони кулли Қирғизистон, ба парлумони кишвараш то 24-уми апрел муҳлат дод. Тавре расонаҳои қирғизӣ иттилоъ медиҳанд, Азимбек Бекназаров рӯзи 15-уми апрел зимни нишасти хабарие гуфтааст, агар парлумони Қирғизистон то 24-уми апрел лоиҳаи қонунеро дар мавриди дида баромадани шартномаи Қумтор мавриди баррасӣ қарор надиҳад, бо даҳҳо ҳазор ҷонибдорони худ даст ба тазоҳурот зада, хостори пароканда шудани парлумон хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Бекназаров, натоиҷи баррасии ду комиссияи ахир ишора бар он намудаанд, ки шартнома дар мавриди Қумтор зидди манофеи Қирғизистон ба имзо расидааст: “Мо дар бораи бекор намудани шартномаи мазкур лоиҳаи қонунеро пешниҳод намудаем, агар он аз суйи вакилони парлумони қирғиз баррасӣ нашавад. Мо парлумонро пароканда хоҳем кард ва ин аст, дархости мардум”.

Бекназаров мегӯяд, бояд коре кунем, то сармоягузорони канадагӣ пеши ҳукумати мо сари таъзим фуруд оранд. Бояд худи тиллоро тақсим намуд, ки ҳадди ақал 50%-и он ҳаққи мардум шавад. Бояд ин шартномаро дида баромад. Агар алайҳи манофеи мардуми қирғиз бошад, пас онро дар ихтиёри сармоягузорони дигар гузошт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!