Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 15:44

Баҳси “мушкил”-и Кабирӣ ва шаҳрдории Душанбе боз ба таъхир уфтод

16 апрел 2013, 12:05

Баҳси додгоҳии Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва шаҳрдории Душанбе, ки бояд рӯзи сешанбеи 16-уми апрел баргузор мешуд, дар Додгоҳи таҷдиди назар ё кассатсионӣ ба таъхир гузошта шуд.

Ба қавли Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои Муҳиддин Кабирӣ, қозии парванда ба онҳо гуфтааст, ба далели “душворфаҳм” будани парвандаи мазкур, наметавонанд ба баррасии он шурӯъ кунанд. Оқои Ёров мегӯяд, қарор аст, баҳси ин парванда рӯзи 23-юми апрел баррасӣ шавад.

Ба гуфтаи вакили дифоъ, “то имрӯз дар ягон кишвари ҷаҳон ингуна парванда баррасӣ нашудааст ва маҳз аз ҳамин сабаб додрас дар баррасии он ба мушкил рӯ ба рӯ мешавад.”

Ёдовар мешавем, чанде пештар ҳукумати Душанбе ба додгоҳ шикоят бурда, талаб намуд, ки Муҳиддин Кабирӣ барои суханони "носазо" дар бораи вазъи экологии пойтахт, аз шаҳрдорӣ маъзаратхоҳӣ кунад. Асоси даъвои шаҳрдорӣ як матлабе, таҳти унвони “10 сол пас Душанбе урён мешавад” буд, ки дар он Муҳиддин Кабирӣ аз дарахтбурӣ дар хиёбонҳои пойтахт изҳори ташвиш мекард. Додгоҳи Исмоили Сомонӣ 29-уми январи соли ҷорӣ қарор кард, ки бояд барои суханҳояш дар бораи вазъи экологии Душанбе, раҳбари ҲНИТ аз тариқи васоити ахбори умумии кишвар, аз шаҳрдорӣ узрхоҳӣ намояд.

Ин дар ҳолест, ки Муҳиддин Кабирӣ далелҳои пешниҳоднамудаи шаҳрдориро беасос хонда гуфта буд: “Вақте навори баромадро бо стенограмма дар Маҷлиси Олӣ баррасӣ намудаанд, ба хулоса омаданд, ки ягон қонунвайронкунӣ нест.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
пас баройчи мо точикистон ро демократи мегуем?ин сухани дагал нест! хамучун шахрванди точикистон фикри худашро иброз намуда аст.дар
руссиа путиро кампирой нафака хур дашном медихан агар дар тч кунан чи мешуда бошад???

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!