Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 07:02

Поси хотири шаҳидони амали террористии Бостон дар Душанбе (Видео)

16 апрел 2013, 12:06

Субҳи 16-уми апрел конфронси умумиҷумҳуриявии "Кормандони ғайриштатии милитсия" дар Душанбе бо гиромидошти шаҳидони амали террористии шаҳри Бостони Амрико оғоз гардид.

Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” гуфтанд, ки вазир Рамазон Раҳимов Рамазон дар маросими ифтитоҳи конфронси ҷумҳуриявӣ ба хотири шаҳидони амали террористии шаҳри Бостон дақиқаи хомӯшӣ эълон намудааст.

Рӯзи душанбеи 15-уми апрел зимни як дав ё марафон дар шаҳри Бостон таркишҳои террористӣ рух додаанд, ки бар асари он 3 нафар кушта ва беш аз 140 тан маҷруҳ шудаанд.

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, гуфтааст, дастандаркорони ин амал ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. Ниҳодҳои амниятии Амрико дар паи ин таркишҳо чораҳои амниятиро пурзӯр кардаанд.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!