Степашин барои шароити хуби пойгоҳи 201-ум ба Эмомалӣ Раҳмон сипос гуфтааст
Имрӯз, 16-уми апрел, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси Палатаи ҳисоби Федератсияи Русия Сергей Степашинро ба ҳузур пазируфтааст.
Тавре аз Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ доданд, Сергей Степашин бо ҳамтои тоҷикаш, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Фаттоҳ Саидов, нахуст аз ҷараён ва натиҷаҳои аудити пойгоҳи низомии Русия ба Эмомалӣ Раҳмон гузориш додаанд. Ба иттилои манбаъ Сергей Степашин аз шароити барои пойгоҳи низомии Русия муҳайёгардида изҳори хушнудӣ карда, барои он ба президенти Тоҷикистон арзи сипос кардааст.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, зимни мулоқот ҳамчунин ба таҳким ва густариши ҳамгироии мақомоти дахлдори Тоҷикистону Русия дар мубориза бо ҷинояткории фаромиллии иқтисодию коррупсионӣ, пешгирӣ аз маблағгузории терроризму ифротгароӣ ва авзои Афғонистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |