Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:26

Вазорати тандурустӣ: Мубталоёни бемории маргбор аксаран ғофил мемонанд

16 апрел 2013, 14:19

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, аз шумораи умумии мубталоёни фишорбаландӣ ҳар шахси дуюм (50%) намедонад, ки гирифтори фишорбаландӣ аст.

Тавре аз ниҳоди мазкур ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, аз миёни нафарони огоҳ ҳам, танҳо нисфашон табобати дуруст мегиранд. Ин аст, ки ба иттилои Вазорати тандурустӣ дар кишвар аз шумораи умумии фавтидагон зиёда аз 50 фоизашро мубталоёни бемории дилу раг ташкил медиҳанд.

Тибқи таҳлилҳои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ҳамасола дар дунё зиёда аз 36 милллион нафар аз бемориҳои ғайрисироятӣ мефавтанд, ки 80 %-и онҳо ба бемориҳои дилу раг, диабети қанд, саратон ва бемориҳои музмини роҳҳои нафас рост меоянд: “Аз ин шумора фавти беморони дилу раг 17 миллион нафар мебошад”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!