Тоҷикистон дар 3 моҳ ба маблағи беш аз 4 млн. $ ба хориҷа барқ фурӯхтааст
Тайи моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар ба маблағи беш аз 4 миллиону 400 ҳазор доллари амрикоӣ нерӯи барқ содир кардааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5 баробар бештар аст.
Бино ба иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон, тайи се моҳи аввали соли гузашта ба хориҷи кишвар ба маблағи беш аз 1 миллиону 776 ҳазор доллари Амрико нерӯи барқ интиқол ёфта буд.
Дар маҷмуъ Тоҷикистон ният дорад соли ҷорӣ содироти барқро ба хориҷа то 3 миллиард кВт/соат расонад, ки нисбат ба соли гузашта ҳудуди 5 баробар зиёдтар мебошад. Тоҷикистон метавонад, дар фасли гармо то 6 миллиард килловат соат нерӯи барқро ба хориҷ содир кунад, вале ба далели набудани хатти интиқол ин имконият истифода намешавад.
Соли гузашта обе, ки бо истифодаи он Тоҷикистон метавонист 6,5 миллиард килловат соат нерӯи барқ тавлид кунад, бе истеҳсоли барқ аз обанборҳои кишвар раҳо шудааст ва дар натиҷа Тоҷикистон ҳудуди 204 миллион доллари амрикоиро аз даст додааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |