Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 06:05

Туркманистон сементи Эронро “мамнуъ” эълон кардааст

16 апрел 2013, 17:13

Мақомоти туркман вуруди сементи эрониро ба қаламрави кишвараш мамнуъ кардааст.

Тавре рӯзномаи Хуросон менависад, гумрукчиёни Туркманистон бе шарҳи далел нақлиёти ҳомили сементи Эронро дар марзи кишварашон бозмедоранд ва иҷозаи вуруд ба Туркманистон намедиҳанд. Ба навиштаи нашрия ин амал нисбати сементи Эрон, ки барои кишварҳои сеюм пешбинӣ шудааст, татбиқ намешавад.

Бо назардошти ин ҳукумати Эрон ба Вазорати умури хориҷии худ дастур додааст, ки дар наздиктарин фурсат ин мушкилро ҳал кунад ва барои лағви маҳдудиятҳои мақомоти Туркманистон дастёб гардад.

Эрон ба даҳгонаи калонтарин истеҳсолкунандагони семент дар ҷаҳон ворид шуда, ҳамасола то 10 миллион тонна ин навъи масолеҳро содир мекунад. Туркманистон аз ҷумлаи харидорони асосии сементи Эрон маҳсуб ёфта, 7 дарсади сементи содиротии Эрон ба ин кишвар равона мегардад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"Бо назардошти ин ҳукумати Эрон ба Вазорати умури хориҷии худ дастур додааст, ки дар наздиктарин фурсат ин мушкилро ҳал кунад ва барои лағви маҳдудиятҳои мақомоти Туркманистон дастёб гардад".
Чаро чунин дастурро Президенти Точикистон ва Хукамат ба вазорати хоричии мо намедиханд, то мушкилоти роххои оханро бо Узбекистон хал кунад?
Посух додан
  • диловар

  • 16 апрел 2013 18:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
махди, аз ту дида шахси сода набудаст, и хукумати авлодии мо кай фикри мардума када буд ки имруз кна? хато пеши хонашона камтарак ов сел бзана даравда ай россия кумак талаб мекна ,кучо расад ба хали рохи охан?! Барьакс болои сохибкорон фишор оварда онхоро ай ватан дур кадестан! Инамихе коршон факат ба хитой заминфурушиву дигару дигар

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!