Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 21:30

Зайниддин Зидан сарвари варзишии тими «Реал»-и Мадрид таъин гардид

8 июл 2011, 06:40

Чеҳраи саршиноси футболи чаҳон-сарвари собиқи дастаи мунтахаби Фаронса Зайниддин Зидан ба маснади сарвари варзишии тими машҳури «Реал»- Мадриди Испания пазируфта шуд.


Қаҳрамони Аврупо ва ҷаҳон дар ҳайати мунтахаби Фаронса, ки дар ин ҳайат панҷ мавсим бо бозии зебои худ хотири ҳаводорони футбол ва мухлисонашро болида гардонида буд, пештар дар маснади мушовири президенти клуби «Реал», Флорентино Перес фаъолият дошт.
- Ман ифтихор дорам, ки дар дастаи рақами 1-и дунё кор мекунам. «Реал» ба шахсияти ман ҳамчун ба футболбоз ва умуман ҳамчун инсон таъсири ҷиддӣ гузоштааст, изҳор доштааст худи Зидан.
Маврид ба ёдоварист, Зайниддин Зидан 3 маротиб бозингари беҳтарини ҷаҳон шинохта шуда, ҳамакнун 39 сол дорад ва дар маснади сарвари варзишии тими футболи  «Реал»  Хорхе Валдоро, ки бо итмоми мавсими 2010/2011 аз маснадаш барканор шуда буд, иваз намудааст.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!