Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 15:36

Баҳси вакилон: Пул бигӯем, ё асъор?

17 апрел 2013, 11:05

Вакилони парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи чаҳоршанбеи 17-уми апрел бештар сари вожа ё калимаҳои “пул”-у “асъор” ва ибораҳои “пули миллӣ”-ву “асъори миллӣ” баҳс карданд. Ин баҳси вакилон ҳангоми баррасии тарҳи қонун дар бораи “танзими асъор ва назорати асъор” ба миён омад.

Исмоил Талбаков, намоянда аз Ҳизби коммунист, пешниҳод кард, ки ибораи пули миллӣ аз миён бардошта шуда, ба ҷои он ибораи “асъори миллӣ” ва “асъори хориҷӣ” ба кор бурда шавад. Аммо Мирган Шаҳбозов гуфт, “миллӣ” дар ин ибораҳо зиёдатӣ буда, танҳо вожаи “асъор” кофист, ки “мо тамоми навъи пул, ҳам пули миллӣ ва ҳам пули хориҷиро бифаҳмем”.

Муҳиддин Кабирӣ, вакил аз Ҳизби наҳзати исломӣ, низ ба ин баҳс пайваста, вале гуфт, набояд “мо сари вожаи пул ва асъор ин қадар баҳс кунем”. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, асъор калимаи арабӣ буда, маънояш ҳам нарх аст. “Барои ҳамин, беҳтар мебуд, пули миллӣ ва пули хориҷӣ бигӯем”,-таъкид кард Кабирӣ.

Дар охир, ин масъала барои баҳс дар ҷаласаи оянда гузошта шуд. Қарор аст, ҳафтаи оянда вакилони парлумон ба натиҷае бирасанд, ки пули миллӣ бигӯянд ё асъори миллӣ, пули хориҷӣ бигӯянд ё асъори хориҷӣ.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Магар бо "Асал" гуфтан дахон ширин мешавад? Ин парлумонихо ба фикрам хаминтавр фикр мекунанд. Бо пул гуфтани эшон сатъи ичтимоии ахоли бехтар нахохад шуд. Ачаб замоне!! аз барои Худо айб аст!! Айб. Хубтар парлумон хангоми бозбинии ин чунин масъалахо воситахои ахбори умумро рох надихад вагарна хоричиён ба холи мо дучанд хоханд хандид.
Посух додан
  • Абдуллох

  • 17 апрел 2013 13:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Иллтимос парлумонихо ягон масъалаи барой пешрафти точикстонро бахс кунед е ягон мушкили мардумро бахс кунед хамин пул е асъор фаркаш чи пул гуед хама мардум мефахман

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!