Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 23:01

Изҳори ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Барак Обама (ВИДЕО)

17 апрел 2013, 11:13

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли барқияи тасаллият ба президенти Амрико Барак Обама, амали террористии Бостонро маҳкум кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла навиштааст, “дар Тоҷикистон амали террористиро, ки ҳангоми гузаронидани марафони Бостони ИМА рух дод ва боиси марги чандин нафар шаҳрванд гардид, бо нафрати беандоза қабул карданд. Ин амали ғайриинсониро қатъиян маҳкум намуда, мо дастгирии худро нисбат ба талошҳое, ки ба муқовимати босамар бар зидди ин кирдори нангин равона шудаанд, баён медорем ва кӯшишҳои сарҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳониро дар мубориза бо терроризм ҷонибдорӣ менамоем.”

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон аз Обама хоҳиш кардааст, ки “тасаллияти амиқ ва эҳсосоти ҳамдардии моро ба хешовандону пайвандони ҳалокшудагон расонед ва таманнои моро дар мавриди ҳарчи зудтар шифо ёфтани ҳамаи зарардидагон қабул фармоед».

Рӯзи душанбеи 15-уми апрел зимни як дав ё марафон дар шаҳри Бостон таркишҳои террористӣ рух додаанд, ки бар асари он 3 нафар кушта ва беш аз 140 тан маҷруҳ шудаанд.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!