Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:40

Вазир барои “ноӯҳдабароӣ” аз рутбаи генерал-майори милитсия маҳрум шуд

17 апрел 2013, 11:37

Искандар Муликов, вазири умури дохилии Туркманистон, барои “ноӯҳдабароияш дар рафти анҷоми фаъолиятҳои корӣ” аз рутбаи генерал-майори милитсия маҳрум гардид.

Тавре расонаҳои туркманӣ иттилоъ медиҳанд, тибқи фармони Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон, рутбаи вазири умури дохилии ин кишвар Искандар Муликов ба хотири ҷой доштани камбуд дар фаъолиятҳои корияш аз генерал-майор ба полковники милитсия поин бурда шудааст.

Инчунин, ба Искандар Муликов огоҳӣ дода шудааст, ки агар дар муддати кӯтоҳ камбудҳои ҷойдоштаро бартараф накунад, аз симати худ барканор карда хоҳад шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Беном

  • 17 апрел 2013 17:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сарлавхаро хондан баробар фикр кардам ягон Генерали точик аст аммо хатто кардаам дар тули 20 соли хаётам ин гуна холатхоро дар Чумхурии худамон хато мекунам

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!