Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:56

Маркази қонунгузории назди президент никоҳи хешутабориро баррасӣ мекунад

17 апрел 2013, 12:17

Маркази миллии қонунгузории назди президенти Тоҷикистон, дар пасманзари гуфтугузорҳо оиди манъи никоҳи хешутаборӣ дар кишвар, тасмим гирифтааст, ин масъаларо аз нигоҳи ҳуқуқӣ ҳаматарафа баррасӣ кунад.

Ин марказ ният дорад, охири моҳи апрел дар Душанбе мизи гирдеро дар мавзӯи «Никоҳ ва мушкилоти танзими ҳуқуқии он» ташкил намуда, бо ҷалби олимони соҳаи ҳуқуқ, намояндагони созмонҳои ҷамъиятию байналмилалӣ масъалаи никоҳи хешутаборӣ, шартномаи никоҳ, ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳамсарон, моликияти муштарак ва дигар масоили марбутро матраҳ намояд.

Ахиран вакили Маҷлиси Намояндагон, Саодат Амиршоева, пешниҳод кард, ки никоҳи хешутаборӣ аз роҳи қонун манъ гардад. Ӯ дар шарҳи пешниҳодаш гуфт, никоҳҳои хешутаборӣ сабаби бо нуқс ба дунё омадани атфол мегарданд. Ин пешниҳоди хонум Амиршоева аз тарафи вакилон хуб истиқбол ёфта, ҳоло барои таҳияи тарҳи ислоҳот ба Кодекси оила дар ин замина гурӯҳи корӣ ташкил шудааст.

Аммо бо ин пешниҳод дар Тоҷикистон на ҳам розиянд. Аз ҷумла Қобилҷон БОЕВ, раиси собиқи шӯъбаи фатво дар Шӯрои уламо дар шарҳи далелҳои ин пешниҳод ба “Озодагон” гуфт, “ин хости Худост, ки фарзанди солим медиҳад, ё носолим. Издивоҷҳои хешутаборӣ аз замони паёмбар роиҷ буд, ки духтари худро ба Алӣ (с) писари амакашон доданд. Агар хешутаборӣ намешуд, пайғамбар манъ мекард ва Худо мегуфт, ки духтаратро ба хешутабор насупор. Ҳастанд оилаҳое, ки духтари амак, тағо ва хола гирифтаанду фарзандонашон солим аст. Яке донишгоҳи исломӣ тамом кард, яке дигараш донишгоҳи миллӣ. Ҳастанд оилаҳое, ки зан аз дигар минтақа асту худаш аз минтақаи дигар, вале фарзандонашон носолиманд. Паёмбар гуфтааст, ки аз бегона низ гиред.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Беном

  • 17 апрел 2013 17:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шумо Фарзхои Худовандро нодида гирифа баъзе конунхои хилофи Исому хукуку озодихои инсон кабул кардед чи бошад инаш суннат аст. Чи лозим корхои дуругкориатон 2 мох хамон хучатхоро бурда дар шкафхоятон пинхон мекунед пасон бароварда эълон мекунед ки мо бараси кардем ин корро бинед ХАНДАОВАР
Посух додан
  • said

  • 18 апрел 2013 20:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин депутатора факта дар чак чакзани монишон тамом
Посух додан
  • курбон

  • 4 июн 2014 19:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бобати ин мавзуъ бахсу мунозира хеле зиёд аст, вале як чиро зикр кардан ба маврид аст, ки дар чомеаи имрузаи мо чавонони зиёде хох писар бошад ва ё хох духтар барои бунёди оила хамсари худро аз наздикону пайвандони хеш интихоб мекунанд. Дарин сурат агар волидон сади рохи онхо шаванду духтар ва ё писари худро бо дигар кас оиладор кунанд пас фарзанд чигуна метавонад зиндагии мустакилонаро бо дили гарм шуруъ намояд,шояд назари сарди баъзе аз чунин нафарон боиси пароканда шудани оилахои чавон гардад пас дар ин чо гунахкор киро гуфтан мумкин аст, худи чавононро ё падару модарро ки онхоро аз нафари мехостагияшон чудо карданд. Чизи дигар ин ки оилахое вучуддоранд ки тамоман аз табори якдигар нестанд, вале фарзандони онхо дорои норасоихои чисмони ё ин ки нокисулакл хастанд, бар акси чунин холат оилахое хастанд ки зану шавхар хешу табор буда сохиби фарзандони солиму тандурустанд. Максади ман ин ки кудакони носолими модарзод хам дар оилахои ба хам хешу табор ва хам дар оилахои бегона дида мешавад, барои ин бисёрхам хуб мешуд, ки олимони мо (олимони сохаи тиб) оид ба ин масъалаи мубрам тадкикотхои илми гузаронида хангоми дар батни модар будани тифл маъюб ва ё солим будани уро муаян карда, хам ба солимии тифл ва хам ба хушбахтии оилахо мусодат намоянд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман ба суханони Қобилҷон Боев розиям 10000000000%

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!