АФК ҷоизаи пулии Лигаи қаҳрамононро афзоиш медиҳад
Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) мехоҳад, мукофоти пулии Лигаи қаҳрамонони дастаҳои Осиёро зиёд намояд.
Конфедератсияи футболи Осиё баъд аз шикояти дастаҳои футбол дар мавриди паст будани ҷоизаи пулии АФК, ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор дода, мехоҳад, онро аз 1 миллиону 500 ҳазор доллар ба 10 миллион доллар боло бардорад.
Ин дар ҳолест, ки дар гузашта аксар дастаҳои футболи Осиё ба хотири паст будани ҷоизаи пулӣ, ки наметавонад, хароҷоти эшонро дар ин мусобиқоти Осиё бароварда созад, аз ширкат худдорӣ намуда буданд.
Гуфта мешавад, АФК барои дастаҳои пешраванда дар марҳилаи ниманиҳоӣ 120 ҳазор доллар, барои дастаҳои пешраванда миёни 8 тими бартар 80 ҳазор доллар ва барои дастаҳои пешраванда миёни 14 тим бартар 50 ҳазор доллар пешбинӣ намудааст.
Инчунин ба 32 дастаи иштироккунанда дар ин мусобиқот ба маблағи 20 ҳазор доллар мукофоти пулӣ аз сӯи АФК тақдим карда хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |