Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 17:32

Жириновский хост, Қирғизистон ба ивази қарзҳояш Исиқ-кӯлро диҳад

17 апрел 2013, 14:54

Владимир Жириновский, вакили Думаи давлатии Русия, пешниҳод кардааст, ки Қирғизистон Исиқ-кӯлро ба ивази қарзҳояш ба Маскав бидиҳад.

Ба навиштаи расонаҳои Русия, дар ин бора Жириновский рӯзи 16-уми апрел зимни ҷаласаи парлумонӣ дар мавриди қарзҳои Қирғизистон аз Русия изҳори назар кардааст. Владимир Жириновский гуфтааст, Бишкек ҳоло ба як шаҳри бузург табдил ёфтааст, дар ҳоле ки дар гузашта ҷуз як деҳаи кӯчак чизи дигаре набуд.

Ба гуфтаи ӯ, кишварҳои Осиёи Марказӣ на танҳо қудрати гирифтан, балки доданро низ доранд: “Дар онҷо на танҳо боигариҳои зеризаминӣ, аз қабили урану тилло вуҷуд дорад, балки манобеи обӣ низ ҳаст, ки метавон аз онҳо истифода кард. Агар онҳо ин ҳама додан нахоҳанд, пас, бигзор Исиқ-кӯлро диҳанд. Як кӯли хуб нисбат ба Баҳри Сиёҳ мебошад. Имкони гирифтани он дар бадали қарзҳо вуҷуд дошт, вале вазирон ва масъулони мо, ки дар ин самт фаъолият доранд, аз ӯҳдаи ин кор намебароянд. Ҳанӯз ҳам тибқи низоми Шӯравӣ кор мекунанд, яъне додан ва пурсидан.”

Дар гузашта Владимир Жириновский пешниҳод дода буд, ки Тоҷикистон ба як вилояти Русия табдил бишавад. Ин изҳорот вокунишҳои мухталифро дар ҷомеаи Тоҷикистон ба бор овард ва аксарият ҳарфҳои Жириновскийро беҳудаву беасос номиданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ватандусти асил

  • 8 июн 2013 11:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар гузашта Владимир Жириновский пешниҳод дода буд, ки Тоҷикистон ба як вилояти Русия табдил бишавад. Ин изҳорот вокунишҳои мухталифро дар ҷомеаи Тоҷикистон ба бор овард ва аксарият ҳарфҳои Жириновскийро беҳудаву беасос номиданд.
Ачиб, ин тавр шавад барои гастрабайтерхои течик айни муддао мешавад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!