Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 29 апрел 2017, 10:33

Демократҳо дигар наметавонанд "Адолат"-ро ба чоп расонанд

17 апрел 2013, 15:06

Ҳизби демократи Тоҷикистон ният дорад, номи “Адолат”-ро, ки нашрияи ин ҳизб мебошад, тағйир бидиҳад.

Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, ин тасмимро Шӯрои ҳизб пас аз гирифтани мактуби Вазорати фарҳанги Тоҷикистон қабул кардааст: “Дар мактуби Вазорати фарҳанг омадааст, бо сабаби аз соли 2006 ба ин тараф чоп нашудани нашрияи «Адолат», ягон ҳуҷҷатҳои ин нашрия боқӣ намондаанд. Онҳо ҷавоб доданд, ки феълан барои таҳқиқи вазъи ҳуқуқии нашрия ба Вазорати адлия муроҷиат кардаанд.”

Саидҷаъфар Исмонов афзуд, ин омӯзиш вақти зиёд металабад ва бино бар ин Шӯрои ҳизб қарор кард, ки бо номи нав нашрияашро аз қайди давлатӣ гузаронад. Исмонов таъкид кард, аъзои ҳизб феълан дар ҷустуҷӯи номи нави мувофиқ мебошанд ва рӯзҳои наздик номи нави нашрияи Ҳизби демократи Тоҷикистон эълон хоҳад шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бале,"Адолат" баркарору ба чоп омода намешавад.Агар Исмонов барин шахс раиси демократхои Точикистон бошад.Оби аз куза рехтаро чамъ овардан нашояд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!