Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:50

ВКД сафарбар шудани наврасон ба Сурияро тасдиқ кард

17 апрел 2013, 17:17

Вазорати умури дохилии Қирғизистон таъйид кард, ки 15 шаҳрванди ин кишвар барои ширкат дар даргириҳои дохилии Сурия ба Димишқ сафарбар шудаанд. Вале манбаъ гуфт, феълан ҳафт нафари онҳо довталабона ба Димишқ рафта, бақияашон дар Туркия ҳастанд. Дар ин бора ба “Озодагон” нозири калони дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии Ӯш Жениш Ашурбоев хабар дод.

Аз ин пештар, Достон Ҷумъабеков, вакили парлумони Қирғизистон, зимни ҷаласаи парлумоние ҳушдор дода буд, ки наврасони қирғизро барои иштирок дар даргириҳои дохилӣ ба Сурия мебаранд. Ба қавли ин вакили қирғиз, дар ин бора ба ӯ сокинони ноҳияи Аравани вилояти Ӯш хабар дода, гуфтаанд, 15 навраси қирғизро барои ширкат дар ҷанги дохилии Сурия аз кишвар берун бурда, мехоҳанд онҳоро аз тариқи қаламрави Туркия ба Димишқ бирасонанд.

Ҷумъабеков мегӯяд, тамоми ин наврасонро ба Туркия бурдаанд ва яке аз онҳо, ки бо волидайни худ тамос гирифт, гуфтааст, аввал онҳоро бояд ба шаҳри Маскав мебурданд. Вале дере нагузашта, тасмими худро иваз намуда, ба Туркия бурдаанд.

Ин навраси қирғиз афзудааст, аз Туркия низ наврасонро ҷамъ намуда истодаанд, то барои иштирок намудан дар нооромиҳои Сурия ба ин кишвар фиристанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!