Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 13:07

Пулис омодагӣ дид, вале “митинги 17 апрел” баргузор нашуд

17 апрел 2013, 17:51

Гирдиҳамоӣ ба тарафдории Умаралӣ Қувватов, роҳбари созмони мухолифи “Гуруҳи 24”, ки имрӯз, 17-уми апрел, соати 15:00 дар майдони Исмоили Сомонӣ, маркази шаҳри Душанбе дар назар буд, баргузор нагардид.

Даъват ба ин тазоҳурот қаблан, тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернет паҳн гардид. Бо вуҷуди он, ки ба ин гирдиҳамоӣ касе ҳозир нашуд, мақомоти қудратӣ чораҳои амниятиро дар маркази пойтахт пурзӯр намуда буданд ва теъдоди маъмурони пулис дар майдони Исмоили Сомонӣ зиёд ба назар мерасид.

Қаблан Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, дар бораи “митинги 17 апрел” дар майдони Исмоили Сомонии пойтахт чизе намедонанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо, касе дар ин бора муроҷиат накардаву дар бораи баргузории гирдиҳамоӣ низ иҷоза нахостааст. Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе, низ дар бораи баргузории чунин як гирдиҳамоӣ изҳори бехабарӣ кард.

Чанд рӯз қабл гурӯҳе аз корбарон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук мардумро рӯзи 17 апрел барои баргузории гирдиҳамоӣ ба майдони Исмоили Сомонӣ хонданд. Дар акси таблиғотии ин гурӯҳ гуфта шудааст, ки гирдиҳамоӣ ба хотири наҷоти мардуми азияткашидаи тоҷик баргузор хоҳад шуд.

Мақомот мегӯянд, барои баргузории ҳар гуна гирдиҳамоӣ бояд иҷозаи расмӣ гирифта шавад. Аммо ахиран ду гирдиҳамоӣ дар назди бинои сафорати Амрико ва дафтари Созмони Милал алайҳи раҳоии Абдулмалик Абдуллоҷонов аз боздоштгоҳе дар Киев баргузор шуд, ки иҷозаи расмӣ надоштанд. Мақомот гуфтанд, масъулони баргузории ин гирдиҳамоии беиҷоза ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида хоҳанд шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!